Чанде пеш ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ пазируфта шуда, соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 -уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардид.

Вақти он расидааст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад. Тоҷикистон бо ин мақсад пешниҳод менамояд, ки соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо эълон карда шавад. Ин ташаббусе, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд. Мувофиқи маълумоти омор, нисфи аҳолии Ҷаҳон бо сабаби олуда гаштани об дар шароити зидди санитарӣ зиндагӣ мекунанд. Ба андозаи афзудани аҳолӣ зуҳуроти “задухурди” давлатҳо барои ба даст овардани манбаъҳи оби тоза характери воқеӣ мегирад.

Баландшавии ҳарорати ҳаво ба 2-3°С ҷараёни таназзули яхбандиро пурзӯр мегардонад. Тибқи арзёбиҳои дар Тоҷикистон ҳазорҳо пиряхҳои хурд гум мешаванд. Масоҳати тамоми яхбандиҳои мамлакат ба 20% кам шуда метавонад. Дар давраи ибтидоӣ ба обшавии пиряхҳо, ба зиёдшавии обхезӣ мусоидат намуда, аз ҷумла камшавии оби дарёҳои дигарро ҷуброн мекунанд, баъдан камшавии об дар аксари дарёҳо ба миён меояд.

Дар қаламрави Тоҷикистон тайи 30 соли охир аз 14000 пирях ҳазор адади он ба пуррагӣ нобуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ дар минтақа ҷои намоёнро ишғол менамояд, манбаҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво чандон зиён надорад ва 98% энергияи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳсор дар кураи замин ба ҳисоб рафта, беш аз нисфи қаламрави он дар баландиҳои на кам аз 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Пиряхҳои калон ва хурдаш дар баладкӯҳҳо ҷойгир буда, масоҳати умумии онҳо 8476 км2-ро дар бар мегирад. Захираҳои умумии солонаи обҳои пиряхҳои Тоҷикистон 460 км3-ро ташкил мекунанд. Шумораи кӯлҳои хурду бузург ба 1300 ва захираи умумии обашон ба 50 км3мерасад. Боришоти атмосферӣ сарчашмаҳои асосии захираҳои обҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ба ҳисоби миёна миқдори боришот дар минтақаҳои кишвар ба 98,8 млрд м3 мерасад. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон, ки беш аз 10 км дарозӣ доранд, ба 947 мерасад. Калонтарин дарёҳои кишвар Панҷ, Вахш, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон, Қизилсӯ, Қаратоғ, Сурхоб, Ванҷ, Бартанг, Ғунд, Оби Хингоб, Помир ва Язғулом ба шумор мераванд.

Сарчашмаи оби кӯлҳои Тоҷикистон пиряхҳо ба шумор рафта, калонтарин кӯлҳои Тоҷикистон – Сарез, Қарокӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Яшилкӯл, Булункӯл ба шумор мераванд.

Донишҳои идоракунии захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадди зарури дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар давраи зимистон қариб 60% аҳолии кишвар аз норасоии барқ танқисӣ мекашанд. Норасоии барқ дар Ҷумурии Тоҷикистон боиси мушкилоти зиёди иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра гашта истодааст. Таъсири норасоии барқ ба мушкилоти зерин оварда мерасонад:

1. Аз кор боз мондани саноат.

2. Танқисии саводнокии насли наврас.

3. Аз кор мондани таҷҳизоти лабораторӣ.

4. Экосистема:

4.1. Қатъ шудани фаъолияти минтақаҳои сайёҳӣ;

4.2. Нестшавии ҷангалҳо.

5. Таназзули пиряхҳо.

Имрӯзҳо 145 кишвари олам аз дарёҳои сарҳадгузар истифода карда, 21 кишвар дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар қарор доранд. Тоҷикистон дар минтақа давлатест, ки бо захираҳои бузурги обӣ дар саргаҳи дарёҳои сарҳадгузар қарор дорад ва бо пиряхҳои азимаш бузургтарин иқтидори гидроэнергетикиро дар минтақа ва ҷаҳон, касб намудааст.

Пиряхи кӯҳӣ ва рӯизаминӣ, пиряхҳои сатҳи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияти мавқеу ҷойгиршавиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: «Пиряхҳои кӯҳӣ ва Пиряхҳои руизаминӣ» Пиряхҳои руизаминӣ дар минтақаҳои қутбӣ паҳн гардидаанд. Мисол; андозаи онҳо бузург буда, масоҳати хеле калонро ҳамчун сипар пӯшонидаанд. Пиряхи руизаминӣ қариб тамоми сатҳи Антарктидаро фаро гирифтааст.

Вақтҳои охир аз байнравии пиряхҳо мутахассисон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, аз ҷумла тибқи хулосаҳои маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълум гардидааст, ки (ҳангоми муқоисаи аксҳои фазоии даҳаи 1960 ва солҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон) коҳиши ҷиддии майдони ин пиряхҳо ба вуҷуд омадааст.

Аз ҷумла, дар зарфи 50 соли охир майдони пиряхи Федченко, воқеъ дар Кӯҳистони Бадахшон, дар мавсими гармо аз 1,5км то ба 7 км коҳиш ёфтааст, ки сабаби инро коршиносон марбут ба партовҳои газии корхонаҳои саноатӣ медонанд.

Раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки тағйирёбии иқлими минтақаҳо ба вазъи аксари системаҳо аллакай таъсири худро расонидаанд: ихтисори сатҳи пиряхҳо, обшавии яхбастагии абадӣ, тағйирёбии баланди қабатҳои растаниҳо ва ихтисори популятсияҳои баъзе намудҳои растаниҳо ва ҳайвонот.

Олимон таъкид мекунанд, ки чаҳор давраи яхбандӣ буд: 1) 880 ҳазор; 2) 185 ҳазор; 3) 63 ҳазор; 4) 10 ҳазор сол пеш. Аммо дар атласи Тоҷикистон ҳамагӣ ба ду яхбандӣ ишора кардааст-Тупчоқ ва Лахш. Яке аз олимони бузургтарини Россия исбот мекунад, ки дар Осиёи Миёна танҳо як яхбандии калони қадима (бист ҳазор сол пеш) буд. Маҳз баъд аз он сойҳо, моренаҳо ва нишонаҳои сарҳадҳои қадимаи пиряхҳо дар рӯи яхбандиҳо боқӣ мондаанд. Аммо кори мазкур на ба гузашта, балки ба ҳозира ва ояндаи яхбандиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Яке аз мушкилоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо сабаби таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии босуръати пиряхҳо буда, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Дар интиҳо қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон аз захираҳои об бой аст, аммо дар мамлакат нигоҳдории табиии захираҳои об, ба истиснои пиряхҳо, иқтидори хеле паст дорад. Агар гармшавии ҷаҳонӣ вусъат ёбад, пиряхҳо ихтисор гашта, ҷараёни об меафзояд ва барои истифодаи захираҳои об саъю кӯшиши бештар талаб карда мешавад.

Ф. Қувватов,

омӯзгори ДДБб ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение водоем и природа

Все реакции:

3030

.