Наврӯзи Аҷам дар ҳама давру замонҳо ҷашни ҳаёт, эҳёгарӣ, созандагӣ, сарсабзивушукуфтанҳо, хуррамию фараҳ , тантанаи неки бар бадӣ, нур бар зулмот, сулҳ бар ҷанг ба ҳисоб мерафт.

Наврӯз ва баҳор ин аёми шукуфоист. Ҳама гулпӯшу гулрез аст. Наврӯз яке аз ҷашҳои маҳбубтарин ва бузургтарини мардуми буда, озодӣ, орзую омол ва мақсаду мароми инсон дар он таҷҷасум ёфта, ӯро баҳри ояндаи дурахшон бо табиат мепайвандад.

Сад шукр, ки бар давлати Наврӯз расидем,

Бар дидани он дилбари фирӯз расидем.

Аз нав ба баногӯш ниҳодем сияҳгӯш,

Бар лолаву марги чаманафрӯз расидем.

Дар шароити имрӯза Наврӯз ҳамчун чун қосиди сулҳу осудагӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстию ҳамбастагии халқҳо моро сӯйи зиндагии шоиста, сулҳу субот ва кӯшиш барои рӯзгори орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Ҳама дар пироҳани Наврӯз аст.

Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Ба кӯҳандиёри мо боз Наврӯз омад. Аз омаданаш ҷумла инсонҳоро шоду масрур гардонид. Кунун пиру барно бо пироҳани идона сайри наврӯзӣ мебароянд, хурсандиҳо мекунанд:

Наврӯз ҷавон кард ҳама пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Наврӯз дар фасли зебои сол Баҳор меояд, ки табиат аллакай қабои оҳарӣ ба бар кардааст. Гулу райҳон, сабзаю сербарга аз накҳати худ димоғро муаттар сохта, гӯё тамоми мавҷудоти рӯи олам дар баҳор сурату сирати хешро иваз мекарда бошанд, ки чун наварӯсакони гарди чодари арӯсирасида зебою дилоро, дилфиребу мафтункунандаанд. Хоса барои мардуми тоҷик ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат, ишқу муҳаббат, покиву назокат, дӯстиву рафоқот ва ҷавонии оламу одам мебошад.

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Фасли зебои дилафрӯз муборак бошад.

Аҷаб зебост баҳору Наврӯз. Дарахтон ғарқи гул мешаванд, мурғон ба сурудхони медароянд, гулҳои рангорангу сабзаҳои махмалини кӯҳу водӣ ва дашту доманаҳои зархези Тоҷикистонни азизамон аҷаб таровате доранд.

Наврӯз ҷавон кард ҳама пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори кӯҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳасти рахти нав ба тан мекунад. Наврӯз ҷашнест саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат ва яқин, ҳамаро фараҳу шодмонӣ ба дил эҳдо мекунад. Сиришти инсонҳоро лабрез аз лутфу марҳамат менамояд.

Эй Худованди замину осмон

То ба Наврӯзи дигар моро расон

Дилрабо Сатторова,

магистранти ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 8 человек, люди стоят, на открытом воздухе и дерево

Все реакции:

3737