Мувофиқи қарорҳои Комиссияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ) ва тавсияҳои Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (ГБКТИ) мутобиқшавӣ, мисли ихтисори партофти газҳои гармхонавӣ ба атмосфера, самти муҳимми фаъолият доир ба ҳалли масъалаҳои тағйирдиҳии иқлим эътироф гардидааст.

Аз рӯи ГБКТИ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мутобиқшавӣ ба низомҳои табиӣ ё антропогенӣ дар ҷавоб ба тағйироти мавҷудаи иқлимӣ ё интизоршавандаи иқлимӣ ва оқибатҳои онҳо, ки ба ҳалли ин масъалаҳо алоқаманданд ва ба гирифтани фоида аз амалигардонии чораҳои ҷавобиро дар назар дорад.

Натиҷаҳои баҳодиҳии осебпазирии захираҳои табиӣ, соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим дар доираи Ахбороти миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим (1-3) аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири омилҳои иқлимӣ дар як қатор ҳолатҳо хело ҷиддиянд ва чорабиниҳои марбутаи мутобиқгардонӣ оқибатҳои номусоиди тағйирёбии иқлимро ихтисор ё бартараф ва омодагии умумиро ба тағйирёбии иқлим иҷро карда метавонад.

Давраи ҳозираи стратегияи мутобиқгардонӣ муайянсозии чораҳои аввалини имконпазири мутобиқгардонӣ ва иқтидори мутобиқшавиро, ки онро бо мақсади бартараф сохтани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мусоидатнамоӣ ба рушди устувори мамлакат бояд татбиқ кард, дар бар мегирад. Зимни Ахбороти миллии сеюм васеъшавӣ, таъйид ва мушаххасозии чорабиниҳои мутобиқгардониро дар назар дорад.

Дар Ахбороти чаҳоруми миллӣ масъалаҳои навро барраси кардан ва аз нав дида баромадани пешгӯиҳо ва арзёбиҳое, ки қаблан иҷро гашта буданд, зарур аст. Аксаран ба корҳои наве, ки аз тарафи экспертҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ иҷро гардидаанд, таҳия кардан зарур аст.

Методологияи таҳқиқот ба маърӯзаи панҷуми арзёбии Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (ГБКТИ) ва тавсияҳои ЮНЕП асос меёбад. Инчунин, чорабиниҳое, ки дар доираи Ахбороти миллӣ таҳия шудаанд, бояд баррасӣ гарданд.

Мақсад дар арзёбии таъсири омилҳои иқлимӣ ба иқтидори табиӣ-захиравӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ дар замони ҳозира ва пешгӯии тағйирёбии имконпазири сифатӣ ва миқдории он дар робита бо тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ифода меёбад.

Арзёбии осебпазирӣ нисбати тағйирёбии иқлим панҷ давраи муҳимро дар бар мегирад:

I. Ҷорисозӣ ва апробатсияи методҳои арзёбии осебпазири, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалии илмӣ тавсия дода шудаанд;

ІІ. Таҳия ва интихоби доираи сенарияҳои муносиби тағйирдиҳии иқлим барои арзёбии осебпазирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ІІІ. Таҳлили вазъи захираҳои табиӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва алоқаи онҳо бо шароити иқлим ва тағйирёбии онҳо;

ІV. Арзёбии осебпазирӣ, муайянсозии иқтидори мутобиқшавӣ ва пешгӯии тағйирёбии вазъи захираҳои табиӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ зери таъсири гармшавии глобалӣ;

V. Муайянсозӣ ва арзёбии арзиши чораҳо, таҳияи стратегияи мутобиқшавӣ ба оқибатҳои номусоиди тағйирёбии иқлим ва муайянсозии талабот дар таҳқиқ ва рушди минбаъда, аз ҷумла оид ба мушоҳидаҳои системавӣ, омодасозии кадрҳо ва беҳтарсозии хизматрасониҳои иттилоотигардонии ҷомеа.

Мақсади стратегияи мутобиқшавӣ барои таҳияи маҷмӯи чораҳои самараноке, ки ба камкунии дараҷаи осебпазирии захираҳои табиӣ, соҳаҳои иқтисодиёт ва саломатии аҳолӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, ки рушди устувори ҷумҳуриро таъмин менамоянд, мусоидат мекунанд.

Барои татбиқи самараноки чораҳои мутобиқгардонӣ муайянсозии вазифаҳои асосии зерин зарур аст:

– татбиқи барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, оқибати онҳо барои захираҳои табиӣ, иқтисодиёт ва саломатии аҳолӣ, таҳияи чораҳои мақсадноки мутобиқшавӣ дар асоси онҳо;

– беҳсозии мушоҳидаю мониторинги системанок барои қабул ва тасҳеҳи саривақтии чораҳои мутобиқгардонӣ;

– беҳсозии низоми ҷамъоварии маълумот, инчунин таҳлили онҳо, шарҳ ва паҳнсозии натиҷаҳо байни истифодабарандагони ниҳоӣ;

– такмили системаҳои пешгӯисозӣ, амсиласозӣ ва хабардиҳии барвақтӣ дар бораи ҳодисоти табии-гидрометеорологӣ, хусусан бориши сел ва обхезиҳои садамавӣ;

– мустаҳкамсозии иқтидори институтсионалӣ, техникӣ ва ғайра;

– таъмин ва омодасозии кадрҳо дар чунин соҳаҳои бо мутобиқшавӣ алоқаманд, мисли таҳқиқи иқлимӣ ва гидрологӣ, низомҳои географии иттилоотӣ, арзёбии таъсир ба муҳити зист, истифодаи оқилонаи об, ҳифзи экосистемаҳо, рушди кишоварзӣ, инфрасохторҳо ва ҳифзи саломатӣ;

– амалигардонии лоиҳаҳои мушаххас доир ба мутобиқшавӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи саломатии аҳолӣ.

Ба сифати меъёрҳои гузариши афзалиятҳо барои мутобиқшавӣ бояд ба ҳисоб гирифт:

– дараҷаи таҳдид ба ҳаёти одамон, саломатии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт, амнияти озуқаворӣ, инфрасохторҳо, мероси маданӣ, захираҳои об, захираҳои Замин, гуногуншаклии биологӣ;

– самаранокии иқтисодӣ ва тарафҳои дигар.

Муодилҳои имконпазири чорабиниҳои мутобиқгардонӣ вобаста ба хусусият ва дараҷаи таъсир ба тағйирёбии иқлим бояд инҳоро ба ҳисоб гирифт:

1) Роҳ надодан ба хароҷот, ки дар қабули чораҳои ҷорӣ оид ба камкунии осебпазирии объекти таъсир ба тағйирёбии иқлим ифода меёбад;

2) Гирифтани зарар ва камкунии оқибатҳои он дар ҳолатҳое, ки таъсирҳои номусоид дар нақшаи кӯтоҳмуддат муносиб мебошанд, зеро ки объекти таъсиррасонӣ онҳоро безарар ба нақшаи дарозмуддат интиқол дода метавонад.

3) Тақсим ё ҷудокунии хароҷот, ки дар он сарборӣ аз таъсиррасониҳо ба ноҳияи калонтар ё миқдори зиёдтари аҳолӣ тақсим мегардад ва аз ҳудуди онҳое, ки аз офати табиӣ бевосита зарар дидаанд, мебошанд.

4) Тағйир додани намуди фаъолият бо мақсади мутобиқшавӣ ҳам ба оқибатҳои манфӣ ва ҳам ба оқибатҳои мусбии тағйирёбии иқлим.

5) Тағйир додани мавқеи ягон намуди фаъолият дар он ноҳияҳое, ки иқлимашон тағйир ёфтааст ва хеле мусоид аст, дар ҳолатҳое, ки ҳифзи ин намуди фаъолият назар ба ҳифзи мавқеи он муҳимтар ҳисоб меёбад.

6) Барқарор сохтани система то ҳолати аввалаи он зимни гирифтани зарар ё тағйирёбии шакли он дар натиҷаи таъсири иқлим.

Тағйирёбии иқлим хусусияти мусбат низ дошта метавонад. Дар чунин ҳолатҳо стратегияи мутобиқшавӣ гирифтани фоидаро аз имкониятҳои муносиб пешбинӣ мекунад.

Зимни муайянсозии чораҳои иқтидории мутобиқшавӣ, мувофиқи тавсияҳои ГБКТИ, намудҳои зерини чораҳо асос ҳисоб меёбанд:

– чораҳои сохторӣ (инфрасохторӣ);

– тағйирдиҳии ҳуқуқӣ (қонунгузорӣ);

– чораҳои институтсионалӣ (маъмурӣ) ташкилӣ;

– чораҳои иқтисодӣ;

– тағйироти технологӣ;

– чораҳои батанзимдароранда;

– чораҳо доир ба бартарафсозӣ ва камкунии ҳодисоти фавқулода, ки бо тағйирёбии иқлим алоқаманданд;

– таълимӣ;

– таҳқиқоти илмӣ, таҳия ва омодасозии кадрҳо.

Чораҳои таҳияшударо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ, маҳаллӣ, инчунин, соҳавӣ, институтсионалӣ, ҷамъиятӣ ва инфиродӣ бояд амалӣ кард.

Соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ асосан ба рӯёнидани пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишоварзӣ аст, асос меёбад. Корҳои кишоварзӣ аз боришоти интизоршаванда дар миқёси гуногуни замонӣ ва маконӣ вобастаанд. Пешгӯиҳои боришот барои соҳаи кишоварзӣ, хусусан пешгӯиҳо доир ба оғоз ва қатъи эҳтимолии боронҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат хело муҳим аст. Ҳатто дар пешгӯиҳои оғози боришот хатари талафоти калони захираҳои кишоварзӣ тахминан нишон дода мешаванд. Қариб 95%-и заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эрозия дучор гардидаанд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ эрозияи об (41%), дар ҳудуди биёбонҳо бодлесии хок (24%), дар заминҳои обёришаванда эрозияи ирригатсионӣ ва сойӣ паҳн гаштааст. Дар натиҷаи эрозияи хок ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ 10-40% кам мешавад.

Ҳаминро бояд гуфт, ки аз сабаби шароити номусоиди боду ҳаво ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони бештар аз 70 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад.

Бо шарофати истифодаи технологияи нав ва моддаҳои химиявӣ, инчунин пешгӯиҳои дарозмуддати фаврии метеорологӣ самаранокии соҳаи кишоварзӣ баланд мегардад. Ҳамчунин, онҳо оқибатҳои истифодаи беҳад зиёди нуриҳои химиявӣ, гербисидҳо ва пестисидҳоро кам мекунанд.

Аз рӯи арзёбиҳои маълум, аз тамоми талафоти аз боду ҳавои номусоиди дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ба қайд гирифташаванда бештар аз 60% ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Ҷ. Бердиев,

дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение природа

Все реакции:

1717