Имрӯз 21-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Ҷӯразода Ҷамшед, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Баротзода Файзулло, раиси шаҳри Бохтар дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Китобхона ва Маркази комютериро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши таомҳои милллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва ҳафт мим ва анъанаҳои мардумӣ, ки дар саҳни донишгоҳ ба намоиш гузошта буданд, дидан карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки иншооти навбунёд аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, таҳхона барои нигоҳдории китоб ва озмоишгоҳҳои самти техникӣ ва технологӣ аз қабили коркарди чўб, технологияи дўзандагӣ иборат аз12 мошинаи дарздўзӣ, озмоишгоҳи ихтисоси сохтмон ва стандартизатсия, омўзиши ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст, ки масоҳати умумии бино2910 м2- ро ташкил медиҳад.

Тибқи таъйинот дар таҳхонаи бино махзани китобҳои анъанавӣ бо теъдоди зиёда аз250 ҳазор нусха ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якум ва дуюми ҳамин қисмат ду толори хониш вобаста ба намоиши нусхаҳои адабиёти тавсиявӣ номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурўғи маърифат», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ва дастовардҳои олимони донишгоҳ бо ғунҷоиши 350 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи дуюми китобхона вобаста ба тарғиб ва омўзиши мактаби сиёсии Пешвои миллат маркази омўзиши илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби сарварии Пешвои миллат» ба фаъолият шуруъ намудааст, ки омўзгорону донишҷўён бевосита бо ин марказ ҳамкорӣ доранд.

Инчунин, барои ба пажўҳишу таҳқиқ машғул гардидани муҳақкиқон дар ошёнаи 1-уми бино Институти илмӣ-таҳқиқотӣ амал мекунад.

Ногуфта намонад, ки аз ҷониби шарикони рушди хориҷӣ ба маблағи 2561953 (ду миллиону панҷсаду шасту як ҳазору нуҳсаду панҷоҳу се) сомонӣ таҷҳизотҳо ба китобхона ворид гардидааст.

Дар китобхонаи электронӣ бо 200 адад компютер, 150 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ ва комплекси таълимии омўзгорон вобаста ба фанҳои таълимӣ, 20 адад смартэкранҳо ва камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошад.

Марид ба ёдоварист, ки Раёсати донишгоҳ барои дар оянда ба тарви мақсаднок истифода бурдани масоҳати таълимии китобхона нақшаҳои афзалиятнокро тарҳрезӣ намудааст.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

и ещё 10

Все реакции:

119119