Боиси хушнуди мо ҷомеаи тоҷикистонӣ аст, ки саннаи 14 декабри соли равон Маҷмааи умумии СММ ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об, яъне соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо эълон карда, якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар чорабинии сатҳи баланди СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”такони ҷиддии иҷтимоию сиёсиеро дар арсаи байналмилалӣ ба миён овард.

Чуноне ки Пешвои миллат қайд намуданд “Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати прияхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунанд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд”.

Дар ин самт ҳануз Президенти кишвар дар Паёми соли 2017 таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор намуда буданд, ки мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Вобаста ба ин дурнамои стратегӣ оид ба масъалаи глобалӣ дар соҳаи об Пешвои миллат аз минбари баланди СММ баромад намуда, бори дигар мардуми сайёраро ҳушдор намудаанд, ки «Захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо , балки меҳвари асосии рушди устувор мебошад ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».

Маълум аст, ки дар оғози асри XXI кураи замин бо аҳолии зиёда аз 6 млрд. одам ва бо тарзи ҳаёти гуногун бо буҳрони ҷиддии захираҳои оби рубару гардидааст. Бо пешгуии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ин ҳолат дар оянда низ бад шуданаш низ имконият дорад,албатта агар барои ислоҳи он чораҳои зарурӣ андешида нашавад.

Дар тўли таърих ҳам пешравии инсоният аз дастрасӣ ба оби тоза ва қобилияти ҷомеа аз истифодабарии иқтидори об ҳамчун захираҳои истеҳсолӣ вобастагӣ дошт. Об яке аз меъёрҳои асосии инкишофии иқтисодии минтақаҳои ҷудогона ва кишварҳои зиёди олам мебошад. Зеро афзудани истифодаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ дар баробари зиёд шудани сатҳи ифлосшавии он ба зиёд шудани кишварҳое, ки дар онҳо дастрасӣ ба захираҳои обӣ коста гардидааст, мебошад.

Аз ин рў, Пешвои миллат дар суханрониашон изҳор намудаанд, ки дар назди мо як қатор вазифаҳои иловагӣ ва дастаҷамъонае гузошта шудааст, ки имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунад ва мо бояд ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем:

Якум – тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад.

Дуюм – ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад.

Сеюм – ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд дар назар гирифта шавад. Занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб карда шаванд.

Чорум – воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо мо бояд нақшаҳо ва амалҳои худро таҳким бахшем. Аз ҷумла, захираҳои инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам.

Панҷум – ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад.

Бояд тазаккур дод, ки дар сурати ҳал нагардидани масъалаҳои мазкур ин омилҳометавонанд низоъҳои нави дохилӣ ва байналмилалиро дар гирду атрофи масъалаи об ба миён оранд. Албатта тағйиротҳои иқлимӣ ба масъалаи захираҳои обӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад, аз ҷумла хусусиятҳои хушкшавӣ ва обхезии солҳои охир хеле фаъол шуда истодаанд. Ба замми ин, масъалаи таъмини об ва истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромиллӣ имрўз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Баҳсҳо дар бораи захираҳои оби ошомиданӣ, ки аслан даркуҳу дара ва дигар мавзеъҳо ташаккул ёфта, ба ҳавзу дарёҳо ҷоррӣ мегарданд, метавонанд ба як ё якчанд кишвар тааллуқ дошта бошанд.Дар суханронӣ муҳимияти масъалаи рушди устувор ва амният тавассути ҳамкории оқилонаву самаранок таъкид шуда, қайд гардид, ки «Имрўз дар ҷаҳон276 ҳавзаи дарёҳои байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад». Ҳамзамон, зиёдшавии доимии шумораи аҳолӣ, истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои обӣ, истифодаи беназорати об дар шаҳрҳо, ифлосшавии саноатӣ, тағйиротҳои ҷаҳонии иқлим ва инчунин хусусиятҳои табии захираҳои обӣ, ки ҳамагӣ 2,5 фоизи ҳаҷми умумии оби ҷаҳониро ташкил медиҳанд, омилҳои асосии афзудани буҳрони захираҳои обӣ дар ҷаҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки аз муҳтавои суханронии Пешвои миллат бар меояд, ки барои ҳалли масъалаҳои норасоии захираҳои обӣ талошҳои дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд. Зеро аз як ҷониб кишварҳои рў ба таррақӣ, ки хеле ҷиддӣ норасоии захираҳои обиро ҳис мекунанд ва аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Аз ҷониби дигар, бесуботии байналмилалӣ ба тезутундшавии буҳрони захираҳои обӣ ва таъмини об ба кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рў, ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун шароити зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки барои ҳалли онҳо нақши сарварони сиёсӣ, дипломату сафир ва зиёиёни кишварҳои мухталиф бояд авалиндараҷа бошад.

САИДЗОДА Диловар

Мудири шуъбаи омодакунии

кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Нет описания фото.

Все реакции:

2929