Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки онро дар тамоми дунё ба ҳар навъ таҷлил менамоянд ва ин рӯз дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззоберо ба миён овардаст.

Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани ин ҷашн то ҳанӯз баҳсу мунозираҳои зиёд мавҷуданд. Яке аз ин фарзияҳо ин аст, ки ин ҷашн дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал мардум Рӯзи соддалавҳонро таҷлил менамудаанд. Апулей чунин меҳисобад, ки дар Рими қадим фиреби нахустапрелӣ марбут ба ҷашни бахшида ба Худои хандаҳо буд. Дар фарзияи дигар омадааст, ки он дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст ва 31 март чун рӯзи шӯхӣ дар ин мамлакат таҷлил мешуд. Боз назаре ҳаст, ки ирландиҳо дар замони қадим рӯзи 1 апрел ба муносибати Соли нав ҳазлу шӯхӣ мекардаанд.
Бархе бар он ақидаанд, ки 1 апрел сараввал дар Ҳиндустон ва Рими қадим чун оғози баҳор ҷашн гирифта мешуд. Ба муносибати Соли нави баҳорӣ маҳфил, базму гаштугузорҳои шӯхиомезро баргузор менамуданд. Ҳамин тавр одамон дар муқобили номусоидии ҳавои баҳорӣ бо ҳазлу шӯхӣ ва ханда худро шод мекарданд. Воқеан, тавре Виктор Гюго фармудааст: «Ханда мисли офтоби баҳор аст ва сардиро аз тану чеҳраи инсон дур месозад».

Тибқи як фарзияи дигар Рӯзи ханда ба рӯзи гузариш ба тақвими Григорианӣ рост меояд, ки аз тарафи поп Григорий 13 дар соли 1582 роҳандозӣ шудааст. Дар асрҳои миёна Соли нав дар охирҳои моҳи март таҷлил мегардид. Ҳафтаи солинавӣ 25 март шурӯъ шуда, рӯзи 1 апрел тамом мешуд. Дар миёнаи асри XVI шоҳ Карл 9 дар Франсия тақвимро тағйир дод ва Соли навро ба таърихи 1 январ гузаронд, вале бо вуҷуди ин аксари мардум ҷашн гирифтани 1 апрелро идома медоданд. Дар ин рӯз одамон ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим менамуданд, ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Акнун Рӯзи хандаро мардуми тамоми дунё бо шавқи беандоза ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз гӯл задани якдигар бо шӯхиҳои безарар ба ҳукми анъана даромадааст.


Дар Тоҷикистон таҷлили Рӯзи ханда аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Миёни мардуми мо низ одат шудааст, ки 1 апрел мардум бо ҳам ҳазлу шӯхӣ намуда, маҳфилҳои ханда барпо менамоянд.

Нет описания фото.

Все реакции:

1717

Нравится

Комментировать

Отправить