Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Экология ва мушкилоти мубрами он дар ҷаҳони муосир» ҳамоиш баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар иброз дошт, ки «экология ва ҳифзи муҳити зист дар ин шабу рӯз ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бузургтарини созмони байналмилалии ҷаҳон- Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид, ки ин мояи ифтихору сарбаландии ҳамаи мо, тоҷикону тоҷикистониён мебошад».

Гуфта шуд, ки имрӯз масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ, беҳдошти сайёраи Замин, ки хонаи ҳамаи мо мебошад, ба масоили хеле актуалӣ табдил ёфтааст, чунки он мустақиман ба тамоми соҳаҳои ҷомеаи муосир таъсир мегузорад. Инсон ҳамчун фарди биологӣ барои манфиати хеш ба тавозуни экологӣ ва гуногунии биологӣ таъсири калон расонидааст, ки оқибатҳои он барои кулли одамони сайёраи Замин хатарнок мебошад. Аз ин рӯ агар мо сари вақт пеши роҳи ин бархӯрдҳои номатлубро нагирем, фардо дер шуда, барқарор кардани низоми дурусти табиат ғайриимкон мегардад.

Рушди босуръати иқтисодиёт ва технология дар баробари унсурҳои мусбати хеш дорои унсурҳои манфӣ низ мебошад, ки он дар олудашавӣ ва ифлос шудани обу иқлим ва дар ин замина пайдо шудани ҳар гуна бемориҳое, ки барои кулли ҷомеаи башарӣ хатарзо мебошанд, таҷассум меёбад.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки имрӯзҳо партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани захираҳои замин ва бо истифодаи заҳрхимикатҳо дар парвариши зироати кишоварзӣ, ба бозори истеъмолӣ ворид шудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ ташаккулёфта ва партофтани газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки боиси заҳролуд шудани Замин, организми зинда ва об шудани пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон гашта истодаанд, ба инсоният ва сайёраи Замин таҳдид мекунанд.

Аз ин рӯ пазируфтани ин иқдоми Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид метавонад сабаби коҳиши ин ҳолат ва барои зиндагӣ бехатар гардидани сайёраи Замин гардад.

https://khovar.tj/…/dar-donishgo-i-davlatii-bohtar…/…

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба экология ва мушкилоти мубрами он дар ҷаҳони муосир ҳамоиши илмӣ доир гардид | АМИТ "Ховар"

KHOVAR.TJ

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба экология ва мушкилоти мубрами он дар ҷаҳони муосир ҳамоиши илмӣ доир гардид | АМИТ “Ховар”

БОХТАР, 02.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Экология ва мушкилоти мубрами он дар ҷаҳони муосир» ҳамоиш баргузор ш….

Все реакции:

1616