Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи шуъбаи тарбия дар толори бинои хобгоҳи донишҷӯён бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, маҳфили “Ҳозирҷавоб” баргузор гардид.

Маҳфили мазкур дар якҷоягӣ бо факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ баргузор гардида, дар он мушовири ректор Шарифзода Шарифхон, раиси ҷавонони донишгоҳ Қурбонов Давлатбек, декани факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ Шамсуллозода Холназар, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин чорабинӣ кутии чархзананда суолҳо ташкил карда шуда, донишҷӯён ба суолҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои қонеъкунанда гардониданд.

Маҳфили мазкур бо як болидарӯҳӣ анҷом ёфта, дар охир ғолибон бо тӯҳфаҳо дар намуди сипоснома ва китобҳо қадрдонӣ гардиданд.