Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик равшан аст, ки гузаштагони мо доимо оила ва оиладориро муқаддас дониста барои ҳифзи ҳамаҷонибаи он ҳамеша кўшиш кардааанд. Муқаддасии оила пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки барои бунёди як хонаводаи солим асос мегузорад ва дар камолоти насли нави авлод нақши муассир дорад. Доир ба оилаву оиладорӣ гузаштагон андешаҳои хеле арзишманд баён доштаанд.

Оила мактаби бузургест, ки арзишҳои баланди инсониро омўхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад. Ҳамчунин оила нишонаи ҷомеаи пешқадам ва пешрав маҳсуб меёбад, ки дар ин маврид андешаҳои ҷолиби сарвари давлат баён гардидаанд. Инсонгароӣ, муҳаббат ба ватану модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд. Дар оила инсон имкон меёбад, ки нахуст асолат ва ҷавҳари одамиятро дарёбад, таҷрибаи зиндагӣ андўзад ва маърифаташро равнақу такомул бахшад. Мусаллам аст, ки аз қадимулайём мардуми тоҷик дорои аънанаҳои ибратбахши оиладорӣ буда, дар ҳар давру замон ба хонавода ва аҳли оилаву авлод аҷр мегузориданд. Аз ин рў, бо назардошти характер ва маърифату маданияти ин ё он оила онро бо насаби бузурги сардори оила ном мегиранд.

Пойдории оила бо вожаҳои муҳаббат, ишқ, эътироф, боварӣ, маърифат ва маданият пайвастагии зич дорад. Агар ҳар як аъзои оила ба эҳтирому муҳаббати якдигар бо самимият рафтор намоянд, асолати оиладорӣ намудор мегардад. Аз ин лиҳоз, оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад. Таъсири оила ба инсон ҷавҳару асолати инсониро ошкор месозад ва маҳз оила боис мегардад, ки фард дар ҷомеа камол ёбад ва соҳиби иззату икром гардад. Ҳар як амали ибратбахше, ки фарзандон анҷом медиҳанд, маълум аст, ки дар оилаашон мушоҳида кардаанд ва дар пайравии волидон ва ё бобокалону бузургони хонаводаи худ буданд. Ин аст, ки анъанаҳои наҷиби гузаштагони мо дар мавриди оиладорӣ таъсири хуб ба асолати инсонии насли нав мегузорад. Ҳамчунин шаҷара ба шаҷара расму русуми олиладорӣ идомат меёбад ва одобу ахлоқи шоиста дар як риштаи тавонои ногусастанӣ то авлодҳои минбаъдаву оянда рафта мерасад.

Равияи дуюмро равияи тарбия номгузорӣ намудем, ки ин бесабаб нест. То он ҷое ки медонем, тарбия яке аз равандҳои асосии зиндагии мардум дар хона, оила ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Чӣ қадар ки ҷамъияти мо пеш равад, густариш ёбад, тараққӣ намояд, ҳамон қадар тарбия намудани фарзанд, оила ва ҷомеа мушкил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, пойдевори асосии оила тарбия ба маънои васеаш тарбияи солим, тарбияи комил, тарбияи фарҳангофар, тарбияи инсонофар бояд ба шумор рафта, ҳамешагӣ ҳамқадами ҷомеаи мутамаддин бошад. Ба тарбияи фарзанди хурдарини оила ҳам бояд эътибори ҷиддӣ дод. Набояд мо фаромўш созем, ки кўдак аз рўзи аввалини ба дунё омадан то ба камолот парвариш ва тарбия наёбад, аллакай дер хоҳем монд. Аз ҳамин сабаб, дар бештари навиштаҳои худ олимон оғози тарбияи кўдакро аз батни модар ва оғози зиндагӣ муқаррар намудаанд. Воқеан, дар айёми ҳомиладории зан оиларо зарур аст, ки модари кўдакро аз ҳама гуна ғам, ранҷ, якдигарнофаҳмӣ ва дигар амалҳои дилгиркунанда ҳифз намоянд.

Сардори оила ва атрофи онҳо бо ин амали нек кўдаки ба дунё меомадаро метавонанд ҳамчун вориси арзанда ва солим дар оянда тарбият хоҳанд намуд. Ин чунин маъно дорад, ки кўдакро на аз рўзи дувуму савум, балки аз рўзи дар батни модар буданаш бояд ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуд. Вақте ки кўдак солим ба дунё меояд, ин ҳам солимии оила маҳсуб меёбад ва ҳам тарбия дар он оила душвор намегардад. Мо бо ин роҳ метавонем хишти мустаҳками оилавиро гузорем ва кўдаки солим дар оянда метавонад давомдиҳандаи амали нек ва кирдорҳои хуби ниёгони худ бошад.

Равияи савум асолат, ҷавҳар ва тарбияро доро буда, ин унсурҳо дар таҷрибаи зиндагии ҳаррўза мавриди истифода қарор мегиранд. Ин чунин маъно дорад, ки асолат, ҷавҳар, тарбият ҳамешагӣ бояд ҳамқадами ҳар як фард ва ҷомеа бошад. Оила бо асолату ҷавҳар ва тарбия метавонад ба қуллаҳои муроди зиндагӣ ва кашфи асрор бирасад.

Ҳар кору пайкоре, ки дар ҷаҳони имрўза ба субут мерасад, албатта бо саъю талоши ҷомеа амалӣ мегардад. Кори хуб ва амали нек аз ҷониби он шахс ва фард ба некӣ анҷом меёбад, ки асолати тарбияи бузурги хонаводагиро бо тамоми нозукиҳояш омўхта бошад ва аз фарҳанги ниёгон бархурдор бошад. Як шахси соҳибфарҳанг ва бомаданият барои ҷомеа ҳазорҳо некиро метавонад ба вуҷуд орад ва ба василаи некии он чандин шахсони атрофу акноф аз фазилати некӣ манфиат бардоранд. Чуноне ки мегўянд: “Некӣ некиро тавлид мекунад”. Воқеан, дар оила меҳрубонӣ, хушгуфторӣ, некрафторӣ арзи ҳастӣ карда бошад, он оила ҳамон хислатҳои хуби болоиро дар ҷомеа инъикос карда метавонад. Некиро ҳамон инсон ба ҷомеа карда метавонад, ки соҳиби фарҳанг ва одобу услуби шоиста бошад.

Ҳамин тавр, оила яке аз муқаддастарин бунёдгоҳи маърифати инсонӣ, таконбахши муҳимтарин арзишҳои анъанавии инсонӣ ба шумор рафта, дар муносибат бо амали неки мо ҷараён мегирад ва рушд менамояд.