Имрӯз дар Литсейи байналмилалии Президентӣ даври ҷамъбастии озмуни вилоятии “Оилаи масъулиятшинос” баргузор гардид, ки дар он яке аз ғолибон Саъдулло Ҳакимов, декани факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав дониста шуда бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ карда шуд.

Зимни тақдими туҳфасупорӣ Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилоят ва Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят баромад карданд.