Дар асоси нақшачорабинӣ бегоҳии 15-уми майи соли 2023 дар Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон намоишномаи саҳнавии “Зол ва Рудоба”-ро тамошо карданд.

Намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз рӯйи яке аз достонҳои Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” таҳия шуда, онро коргардон Қурбонзода Баҳром ба саҳна гузоштааст.

Дар нақшҳои Зол Фирдавси Турдлиалӣ, Рудоба – Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр – Саидзода Отахон, шоҳ Сом – Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт – Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон – Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳунармандони ҷавони театр бо як маҳорати хосса дар саҳна баромад намуданд.