Имрӯз 16-уми майи соли 2023 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати гузаронидани тақсимоти мутахассисон бо ҷойи кор суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор шуд.

Дар суҳбат-вохӯрӣ Дилбар Алихонзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Ғазалшо, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Ҷамшед Шукурзод, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Диловар Ҷаборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд.

Нахуст, Дилбар Алихонзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2023”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.

Дар идомаи суҳбат-вохӯрӣ Сафарзода Ғазалшо, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, дар суханронии хеш оид ба муҳтавои тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ибрози назар намуданд.

Диловар Ҷаборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ зимни вохӯрӣ зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.

Ҷамшед Шукурзод, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар донишгоҳ 361 нафар донишҷӯ
донишгоҳро хатм намуда аз ин шумора 89 нафар тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ