Имрӯз дар китобхонаи бинои асосии донишгоҳ бо ташаббуси Раёсат ва нақшаи кории Асостсиатсияи хатмкунандагони донишгоҳ авввалин суҳбат-вохӯрӣ бо собиқ хатмкардагони муваффақ баргузор гардид.

Пеш аз оғози сухбат хатмкардагон аз шароитҳои имрӯзаи таълиму тадриси омӯзгорону донишҷӯён дидан намуданд.

Суҳбат-вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз бахшида, дар бораи дастовардҳои имрӯзаи донишгоҳ андешаронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки ин нахустин вохӯрӣ бо собиқ хатмкунандагон аст ва донишгоҳ тамсим гирифтааст, ки чунин суҳбатвохӯриҳоро мунтазам ба роҳ монад.

Азизуло Муҳиддинов, сардори Асотсиатсияи кор бо хатмкунагон таъин гардида, оид ба баргузории вохӯрии навбатӣ бо меҳмонон суҳбат намуд.

Дар хотимаи мулоқот хаткардагон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.