Имрӯз дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май, даври ниҳоии Спартакидаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ оид ба футболи хӯрд ва шоҳмот гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифта дар он дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ байни худ рақобат намудаанд.

Дар даври ниҳоӣ дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Нсоири Хусрав бо дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рақобат намуда бо ҳисоби 12:4 пирӯз омад.

Аз ин рӯ, дастаи донишгоҳ ғолиби ҷойи якум дониста шуда бо мукофотҳои таъсиснамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ин рӯз аз руйи намуди шоҳмот дастаи донишгоҳ сазовори ҷойи дуюм дониста шуд