Имрӯз дар толори Китобхонаи ДДб ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи “Мақоми Абурайҳони Берунӣ дар таърихи тамаддуни тоҷику форс”, бахшида ба 1050 –солгаии мутафаккири бузург баргузор шуд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардид.

Зимни баромад Ҳукмиддин Сафарбекзода дар мавзуи “Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар илм” маъруза кард.

Дар конференсияи мазкур Кароматуллоҳ Олимов, доктори илмҳои фалсафа, академики АМИТ дар мавзуи “Масъалаҳои методологияи таҳқиқи илмии Берунӣ дар “Осор -ул бақия”-и ӯ” баромад намуданд.

Ҳамчунин, Комилӣ Абдулҳай, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиётшиносӣ ва техника, доктори илмҳои физикию математика дар мавзуи “Саҳми А. Берунӣ дар инкишофи илмҳои риёзиву табиӣ” ва Давлаталӣ Алимов, профессори донишгоҳ дар мазуи “Саҳми донишмандони асримиёнагии тоҷик дар рушди илмҳои табиию риёзӣ” маърӯза карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки конференсияи мазкур ду бахшро дар бар гирифта дар он 78 мақолаи илмӣ пешбинӣ гардидааст.