Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи далватии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбат –вохӯрии Сайфулло Мулоҷонов, доктори илмҳои таърих, профессори кафедари таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Тоҷикон”-и Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон” бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз шуд.

Зимни суханронӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оид ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» маълумот доданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардид. Ба хотири татбиқи ҳадафи ин иқдом, 7-уми июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки дар асоси он соли 2023 ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад.

Китоби «Тоҷикон» сарчашмаи худшиносии миллӣ аст. Озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бошад, василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорист.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба хотири дар дили донишҷӯён бедор кардани шуълаи майлу рағбат нисбат ба омӯзиши таърих баргузор мегардад.

Сайфулло Мулоҷонов, доктори илмҳои таърих, профессори кафедари таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Тоҷикон”-и Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон” суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки омӯзиши таърих яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Таърих тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос қарор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат аст. Яке аз асарҳои нодири илмӣ, ки таърихи халқи тоҷикро хеле барҷаста инъикос менамояд, «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.

Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шӯравӣ бо хати заррин сабт ёфтааст. «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров асари фундаменталӣ намебуд, ба чандин забонҳои олами мутамаддин тарҷума ва аншр намегардид. Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шуда, шуҳрати ҷаҳонии он боз ҳам афзун гардид.

Маҳз дар даврони Шӯравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони «Тоҷикон» кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори душвору сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи «Тоҷикон»-ро гузошт, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст.

Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш «Тоҷикон» вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гардидааст.

Исми академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст. Яке аз хидматҳои шоистаи ин фарзанди фарзонаи миллат эҳёи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурифтихори халқи куҳанбунёд ва фарҳангофари тоҷик ба ҳисоб меравад. Китоби «Тоҷикон» арзиши баланди илмӣ дошта, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ истифода кардааст. Яке аз хусусиятҳои хоси китоб дар он ифода меёбад, ки муаллиф принсипҳои илмӣ-таҳқиқотиро истифода намудааст.

Бобоҷон Ғафуров бо офаридани китоби «Тоҷикон» миллати барӯманду хирадсолори тоҷикро ба ҷаҳониён шиносо намуд ва ин зарринкитоб ҳамчун шиносномаи миллат шинохта шуд.

Дар охир аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ба саволҳои пешниҳоднамудаи хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии

ДДБ ба номи Носири Хусрав