Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав гурӯҳи кории таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зери роҳбарии Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, Шоиста Абдуназарзода, мудири маорифи шаҳри Бохтар бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ суҳбат- вохӯрӣ оростанд.

Ин ҳайат зимни баромади худ оид ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

Сафар Бекмуродзода, аксбардор