Имрӯзҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо ба вуқуъ омода истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо ҳар гуна баҳонаҳо мехоҳанд байни мардум бо намоишҳои зархаридонаи худ норозигӣ ба вуҷуд оранд ва тухми низоъ бикоранд.

Пӯшида нест, ки сиёсати Аврупо ҳамин аст, бо дасти худи мардуми ҳамон давлат ба вуҷуд овардани нооромӣ ва ба як вайронахона табдил додани ҳамон кишварҳост. Ин таҷрибаро онҳо дар даҳҳо кишвар аллакай истифода бурда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Мо набояд дар канор бошем. Аз ин бадбиниву бадхоҳӣ ягон кишвар амин нест, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ.

Мо, шаҳрвандони кишвар зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳем. Мо бояд аз ҳарвақта бештар ҷавонон ва насли навраси худро дар зери назорати ҷиддӣ қарор диҳем, чунки онҳо қисми осебпазири ҷомеаи мо буда, ба зудӣ метавонанд раҳгум шаванд.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд мо- шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оид ба корҳои зишти гурӯҳҳои манфиатҷӯй суҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гурӯҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Муқовимат бар зидди терроризму эктремизм натанҳо вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд ҷавонон қарор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу ҷавон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.

Бояд пеш аз ҳама насли ҷавонон ҳушёр бошанд, нагузоранд, ки ин бехалафон, онҳое, ки аллакай виҷдону номуси худро фурӯхтаанд, онҳое, ки дини мубини Исломро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранд, ононро васваса карда, ба роҳи шармандагиву бешарафӣ баранд.


Бахтиёр ҚОДИРЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқ