№ 14.08.2023

Ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» барои бо ҷои кор таъмин гаштани хатмкардагон, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 2-юми августи соли равон баргузор гардид чунин посух дод:

Дар соли таҳсили 2022-2023 аз 3608 нафаре, ки донишгоҳро хатм карданд, 358 нафар хатмкунандаи донишгоҳ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат дар муассисаҳои соҳаи маориф бо ҷои кор таъмин гаштанд.

Зикр шуд, ки донишгоҳ раванди таълимро аз рӯи 93 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он ба роҳ мондааст.

Агар дар соли таҳсили 2021-2022 бист нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда бошанд, дар соли таҳсили 2022 2023-юм теъдоди ҳимоягари рисолаҳои номзадию докторӣ ба 34 нафар расидааст. Яъне, неруи илмии донишгоҳ рӯз аз рӯз зиёд гардида, потенсиали илмии он дар соли таҳсили сипаригардида 34,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 омӯзгороне, ки тасдиқи рисолаҳои докторию номзадиашонро гирифтанд, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба маблағи 106 ҳазор сомонӣ ва роҳбарони илмии унвонҷӯён ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар назди донишгоҳ ду Шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки дар соли таҳсили сипаригардида 6 нафар рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя намуданд.

Айни замон донишгоҳ бо 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад.

– Раёсати донишгоҳ дар оянда мақсад дорад, ки вобаста ба иҷрои «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои анг­лисӣ ва кореягии ихтисосҳои омӯзгориро ташкил намояд, — гуфт Сайфиддин Давлатзода.

С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

https://sadoimardum.tj/…/om-zgoron-avasmand-gardonida…/
https://www.facebook.com/100004616228691/posts/2621578851339297/