Имрӯз дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав донишҷӯёне, ки донишгоҳро соли 1983 хатм намуда буданд ҷамъ омада, ёде аз даврони донишҷӯӣ намуданд.

Ҷамъомади мазкур бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Баъдан оид ба фаъолияти донишгоҳ маълумоти саҳеҳ дода шуд.

Сипас, иштирокдорони ҷамъомад оид ба овони донишҷӯии худ, ёдовар гардиданд. Хушнуди аз он намуданд, ки давоми 40 сол Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кулан симои худро тағир дода, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми намоёнеро ба худ соҳиб гардидааст.

Чунин ҷамъомад минбаъд низ аз ҷониби ҷамъиятии хатмкардагон ва хатмкунандагони ДДБ ба номи Носири Хусрав ба нақша гирифта шуда, минбаъд низ роҳандозӣ мегардад.

Нориён Фирдавс,

роҳбари ташкилоти ҷамъиятии хатмкардагон ва хатмкунандагони ДДБ ба номи Носири Хусрав.