Имрӯз дар Литсейи назди донишгоҳ озмуни қабули хонандагони синфҳои 1 ва 11-ум доир гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки дар Литсейи назди донишгоҳ омӯзгорони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд. Бинои Литсейи дорои синфхонаҳои замонави буда, барои таълиму тарбияи хонандагон бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Инчунин, дар Литсей синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши фанҳои химия, физика, рӯсӣ, биология ва информатика ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад.