Даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”дар вилоят натиҷагирӣ гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгор ва 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои иштирок дар даври озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Аз руйи номинатсияи адабиёти бачагона – Шарифзода Аниса, хонандаи Литсейи назди донишгоҳ, ғолиби ҷойи сеюм;

Аз руйи номинатсияи адабиёти классики тоҷик – Малоҳати Усмоналӣ, магистранти курси 2-юми факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи якум, Хошокова Маъво, донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи дуюм, Шовайсов Шоҳвалӣ, донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи дуюм ва Ҳакимов Аъзам, донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи сеюм. Инчунин, миёни кормандони касбу кори гуногун – Билоли Ҳикматулло, омӯзгори факултети молия ва иқтисод, ғолиби ҷойи дуюм.

Аз руйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик – Раҳимҷони Ватанқул, донишҷӯи курси 3-юми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ғолиби ҷойи дуюм, Астанаев Азамат, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи дуюм, Саъдуллоева Ғумчагул, донишҷӯи курси 1-уми факултети филология, ғолиби ҷойи сеюм ва Каримова Фотима, донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи сеюм.

Аз руйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон – Сафарова Шаҳноза, донишҷӯи курси 3-юми факултети забон ва адабиёт рус, ғолиби ҷойи 2-юм ва Файзуллозода Шукрона, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқ. Инчунин, миёни кормандони касбу кори гуногун – Шоитиборов Давлат, омӯзгори факултети забон ва адабиёт рус, ғолиби ҷойи якум.

Аз руйи номинатсияи эҷоди назм– Умарҷони Мирзошариф, донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи тоҷик. Инчунин, миёни кормандони касбу кори гуногун – Фақиров Хурсандмурод, омӯзгори факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи дуюм.

Аз руйи номинатсияи эҷоди наср – Ҳотамов Фарух, магистранти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик.

Ғолибони озмун дар самти интихобкардаи худ аз ҷумлаи пешсафон маҳсуб ёфта, вилояти Хатлонро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ хоҳанд кард.