Салом эй субҳ, салом эй олами ҳастӣ, салом эй зиндагӣ, салом эй рӯз, салом эй рӯзе, ки номат “Рӯзи дониш” аст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Боиси хушбахтию сарфарозист, ки имрӯз ин идро дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон ҷашн гирифта истодаем. Аҳли маорифи кишвари азизамон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи донишро дастаҷамъона тамошо намуданд. Ҷавҳари илм ва дониш аз ҳуввияти халқи мо бармеояд, ки ба мактабу маориф, китобу қалам, илму дониш ва омӯзгор арҷ мегузоранд. Саъдии бузургвор мефармояд.

Вуҷуди мардуми доно мисли зари тиллост,

Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.

Халқи тоҷик касби омӯзгориро гироми медоранд ва ӯро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омӯзгор машъалафрӯз ва парчамбардори илму дониш ва маърифат эътироф шудааст.

Омӯзгор нури ҷаҳон аст. Ӯ мисоли шаҳрест, ки дар фарози кӯҳ асту ҳеҷ гоҳ аз дилу дидаҳо пинҳон нест. Ӯ олами тираи инсони ояндаро бо ақлу хирад мунаввар ва мисоли шамъ хонаро равшан мекунад.

Арзёбии омӯзгори асил нисбати касбӣ худ чунин аст. Ман омӯзгорам, омӯзгори халқ ва ҳамроҳ бо миллати азизам, зиндагии оддӣ ва хоксоронае дорам, бе биму ҳарос. Агар Парвардигор дубора ҷавонам гардонад, боз ҳамин касби омӯзгориро интихоб менамудам.

Чӣ хушбахтам, ки ман омӯзгорам,

Зи ҷону дил ман ин касб дӯст дорам.

Адабомӯзи насли наврасон ман,

Фидои хизмату халқу диёрам.

Илм, дониш, маърифат,фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олам аст. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Илм чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад. Дониш барои инсон манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад.

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,

Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.

Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,

Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон

Пешгарду роҳнамою бофару заҳматқарин,

Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.

Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,

Пояи давлат бувад омӯзгори некном.

Бале омӯзгор пешвою маърифатбахш, роҳнамои ҷомеа, нурбахши нури дидаҳо, чашмҳоро бино, ақлҳоро равшан мегардонад. Сатҳи маърифатнокии одамон аз мактабу омӯзгор вобастааст. Сифати таълим пеш аз ҳама ба савияи дониш ва ҷаҳонбинии омӯзгор вобастагӣ дорад.

Ба гети чун қамар бошад муаллим,

Азизу муътабар бошад муаллим.

Биомӯзад ба мо касбу ҳунарҳо,

Ниҳодаш аз ҳунар бошад муаллим.

Ҳамахобанду ӯ бедору бедор.

Шабаш доим саҳар бошад муаллим.

Сари таъзим фуруд орам ҳамеша,

Алифбои башар бошад муаллим.

Аҳли илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ сохтани рисолати бузурги касби омўзгорӣ, роҳандозӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа, рушди арзишҳои маънавию ахлоқии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар алоқамандӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талоши зиёде ба кор мебаранд.

Бобоева ГУЛБАҲОР,

мудири кафедраи педагогика,