МАҲФИЛИ “ГЕОГРАФОНИ ҶАВОН” ДАР КАФЕДРА

Дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳи маҳфили навбати “Географони ҷавон” баргузор гардид. Дар маҳфил Шаҳбози Ҳабибулло, донишҷӯи курси 4 уми ихтисоси география – демография дар мавзуи “Ҳифзи захираҳои ҷангал дар сайёраи замин” баромад кард.

Муфассал

Эълон!

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қабули шунавандагонро ба шуъбаи тайёрӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар аз рӯи “Кластери 1”(Табиӣ- техникӣ),“Кластери 2”(Иқтисод ва география), “Кластери 3”(Филология, педагогика ва санъат),“Кластери 4”(Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), “Кластери 5 ”(тиббӣ, химия, биология ва варзиш) эълон мекунад. Оғози таҳсил: 2-юми октябри соли 2023 Муҳлати таҳсил: 8 моҳ Макони таҳсил: шаҳри Бохтар, ДДБ…

Муфассал

ҲАМЕША САРБАЛАНДУ ХОНААТ ОБОД МЕГӮЕМ

Имрӯз 25-уми сентябр – яке аз шахсиятҳои некному дурандеш Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мелоди умр дорад. Аз номи аҳли устодон ва кормандони донишгоҳ ба устод Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, неруи тоза, умри бобаракатро таманно мекунем. Ғамхориҳои пайвастаи устод Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба аҳли устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сазовори…

Муфассал

ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ дарси намунавии Юсуфшо Яқубов, доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Омӯзиши ёдгориҳои асри санг ва аҳамияти таърихии онҳо” баргузор гардид. Дарси мазкур бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони факултет гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он ҳамаи иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтанд. Бояд қайд кард,…

Муфассал

СУҲБАТ-ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

Дар толори китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, шуъбаи кадр ва корҳои махсус бо омӯзгорони ҷавон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти самтҳои таълим ва илм ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Давлатзода Сайфиддин Хайриддин,…

Муфассал

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРӮЗӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ РӮДАКӢ”

Имрӯз 22-юми сентябри соли 2023 дар назди факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии донишгоҳ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ ба ифтихори “Рӯзи Рӯдакӣ” доир шуд, ки дар он Ҷамшед Раупов, иҷрокунандаи декани факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд.

Муфассал

ЭЪЛОН!

Дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик Конференсияи илмию адабии умумидонишгоҳӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ», рӯзи 22-юми сентябри соли 2023, соати 11:00 баргузор мегардад.

Муфассал

“Осори Рӯдакӣ дар тарбияи ахлоқии ҷавонон”

-зери ин унвон дар доираи нақша – чорабиниҳои шӯъбаи тарбияи донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултетҳои забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус дар толори хониши китобхонаи донишгоҳ чорабинии илмӣ – маърифатӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, декани факултети забони англисӣ Раҷабов Неъмат, декани факултети…

Муфассал