Дар толори китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, шуъбаи кадр ва корҳои махсус бо омӯзгорони ҷавон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолияти самтҳои таълим ва илм ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати омода намудани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ, дифои рисолаҳои номзадӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои илмӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки дар донишгоҳ барои устодон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, раёсати донишгоҳ омодааст, ки дар ҳама самт омӯзгоронро дастгирӣ намояд.