Дар факултети таърих ва ҳуқуқ дарси намунавии Юсуфшо Яқубов, доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Омӯзиши ёдгориҳои асри санг ва аҳамияти таърихии онҳо” баргузор гардид.

Дарси мазкур бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони факултет гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он ҳамаи иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

Бояд қайд кард, ки академик Юсуфшо Яқубов яке аз бостоншиносони машҳури кишвар ба шумор рафта, аз солҳои 60-уми асри ХХ қариб дар ҳамаи ковишҳои бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистон иштирок ва сарварӣ намуда, дар омӯзиши ёдгориҳои бостонӣ саҳми арзанда дорад.