Имрӯз 25-уми сентябр – яке аз шахсиятҳои некному дурандеш Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мелоди умр дорад.

Аз номи аҳли устодон ва кормандони донишгоҳ ба устод Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, неруи тоза, умри бобаракатро таманно мекунем.

Ғамхориҳои пайвастаи устод Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба аҳли устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сазовори таҳсинанд.

Бори дигар солгарди умр муборак бошад устоди гиромӣ!

ТАМАНИЁТНОМА БА СОЛГАРДИ УСТОД БАХШИДА ШУДААСТ:

Бибояд ҳар касеро роҳи иззат,

Биёмӯзад зи Сайфиддини Давлат.

Яқин ин шахсият чун аз сари сидқ,

Бигашта пайрави Пешвои миллат.

Самимӣ, хоксорӣ дар вуҷудаш,

Бубин дар қиблаи меҳан суҷудаш.

Ман аз аҳли сухан дар зодрӯзаш,

Фиристам аз самими дил дурудаш.

Маорифпарвару доною олим,

Бифахрад з-ӯ ҳама дар роҳи таълим.

Баланд аз ину он бошад ҳам ӯро,

Шукӯҳу нусрати номи муаллим.

Муборак зодрӯзи некфолат,

Бихоҳам умри холӣ аз малолат.

Бубахшад хизмати меҳан ҳамеша,

Сафои рӯзгорону ҷалолат.