Имрӯз 22-юми сентябри соли 2023 дар назди факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии донишгоҳ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ ба ифтихори “Рӯзи Рӯдакӣ” доир шуд, ки дар он Ҷамшед Раупов, иҷрокунандаи декани факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд.