Дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон озмуни “Қироати беҳтарин” аз рӯйи ашъори Шоирони халқии Тоҷикистон устод Озар Салим, Муҳаммад Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Ҳақназар Ғоиб, ки бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб ташкил гардида буд ҷамъбаст гардид.

Дар озмун омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Пас аз хулосабарории ҳайати ҳакамон

  1. Азамат Астанаев, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, ҷойи якум аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб;
  2. Шоҳвалӣ Шовайсов, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, ҷойи якум аз ашъори шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим дониста шуданд.

Дар ин баробар Турахонов Салоҳиддин, омӯзгори донишгоҳ, Раҳимҷони Ватанқул, факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, Холова Шаҳодат, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, Каримова Фотима, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, Фарзонаи Сафаралӣ, донишҷуи бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.