Шоми дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хотирмон баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон, журналистону шоирони хатлонӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабинии идонаро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда меҳмононро хушомадед намуд.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин суханронии табрикии худ таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳарчанд ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.

Мо имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар он айёми сангину ҳассос роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд.

Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ, Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати ҷавонони вилояти Хатлон ва Амиршои Хатлонӣ, шоири ваҳдатсаро оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Сипас, аз ҷониби Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати ҷавонони вилояти Хатлон ба донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, ашёи рӯзгор тақдим гардид.

Баъдан бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ як қатор профессорон, устодон ва донишҷӯён бо сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир, қисмати фарҳангии чорабинӣ баргузор гардида дар он шеъру суруд дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият ва Ватан пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ