Таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии Донишгоҳи далватии Бохтар ба номи Носир Хусрав ба шумор меравад. Ҳаёти асосии донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишҷӯён истиқомат мекунанд рангин, хотирмон, ҷолиб ва дорои махсусиятҳои худ мебошад. Дар ин ҷо гуногунии фарҳангӣ, лаҳҷа, расму анъана, оин ва рафтору гуфтор мушоҳида мерасад. Ин гурӯҳи донишҷӯён аз минтақаҳои гуногун бо ихтисосҳои гуногун дар ҳуҷраҳо бо ҳам истиқомат мекунанд, ки боиси инкишоф ёфтани дӯстӣ, рафоқат ва пайвандшавии фарҳангӣ мегардад.

Маъмурияти донишгоҳ барои ҳалли саривақтии мушкилоти хобгоҳи донишҷӯён тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд ва барои ба вуҷуд овардани шароити зисти беҳтари онҳо мусоидат менамояд ва шароити хуби истироҳату фароғати онҳоро фароҳам меорад, зеро муҳити орому осудаи зист ба хондану фаъолияти донишҷӯён ва ташаккули шахсияти онҳо таъсири мусбат дорад.

Хобгоҳ манзили асосӣ барои донишҷӯён маҳсуб меёбад. Дар хобгоҳ имконияти ташаккули донишҷӯён нисбат ба иҷора зиёдтар аст, чунки дар хобгоҳ донишҷӯён бо ихтисосҳои гуногун истиқомат мекунанд ва ҳар лаҳза шахс метавонад дар бораи мавзӯъҳо ва маводи нофаҳмо аз рафиқони худ кумак гирад.

Ҷиҳати мусбии дигар дар ҳаёти ин донишҷӯён он аст, ки онҳо ҳамеша зери назорати кормандони шуъбаи тарбия ва кормандонихобгоҳ қарор доранд ва пайваста бо ин донишҷӯён корҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва семинару суҳбатҳо гузаронида мешаванд, ки дар ташаккули шахситяти онҳо нақши созгор мебозад.

Бо ин мақсад, аз ҷониби Тахмина Ҷӯраева, иҷрокунандаи раиси бонувони донишгоҳ бо донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд корҳои фаҳмондадиҳӣ, оид ба тарзи дуруст истифода намудани дастгоҳҳое, ки дар ошхона ҷойгир аст гузаронида шуд.

и ещё 3

Все реакции:

5454