Миллати тоҷик миёни ҷаҳониён бо теъдоди арзишҳои миллӣ, ғановати русуму одатҳо ва махзани ҳофизаи таърихӣ мутамойиз буда, дар фарҳанги башарӣ дар масири таърих ҳиссагузории бештаре дорад.

Иддае аз он ҷузъиёти фарҳангӣ – ҷашнҳои бостонии миллӣ буда, бо саъй ва талошҳои муттасили фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, ки боиси ифтихори миллат ва эътирофи он аз ҷониби ҷаҳониён маърифат мешавад.

Яке аз қадимтарин ҷашнҳо ё худ идҳои миллӣ, ки зуҳури он ба даврони Пешдодиён рост меояд, ҷашнгирии иди Меҳргон аст ва он ба 16-уми меҳрмоҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ рост меояд.

Дар мушаххасоти расмшавии он Ҳаким Абулқосим Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафшоҳ Фирдавсии Тӯсӣ дар “Шоҳнома” чунин хабар медиҳад: Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор, Надонист ҷуз хештан шаҳриёр. Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ, Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. Майи равшану чеҳраи шоҳи нав, Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав. Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр, Бикӯшу ба ранҷ ҳеҷ манмой чеҳр. Зи Заҳҳок шуд тахти шоҳӣ тиҳӣ, Сар омад бар ӯ рӯзгори меҳӣ.

Доир бар расмшавии ҷашни Меҳргон хеле ривоятҳо зиёданд ва Берунӣ чанд ривояти дигарро низ зикр мекунад ва дар миёни онҳо пуриштиҳор ҳамоно ривояти корномаи Фаридун аст, ки Абурайҳони Берунӣ овардааст: “Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Беварасб хуруҷ намуда буд, ӯро мағлуб ва нест карда буд ва мардумро ба Фаридун хонд”. Ба ҳамин тариқ, Фаридун Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд маҳв кард ва ба ин муносибат базме ороста, ба ҷашнгирии Меҳргон асос гузоштааст. Абурайҳони Берунӣ хосса дар “Осору-л-боқия мина-л-қуруни-л-вусто ва ҳолия”, беш аз даҳ ривояти дигар низ меорад, вале ривояти нисбатан пуриштиҳор ҳамоно корномаи Фаридун бо Заҳҳоки Беварасб мебошад. Фаразан, Берунӣ қавле дигарро низ зикр мекунад: “Мегӯянд: дар ин рӯз Худованд Моҳро, ки курае сиёҳу бефурӯғ буд, баҳову ҷило бахшид ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз офтоб бартар аст ва фархундатарин соатҳои он соати моҳ аст”.

Чуноне, ки қаблан ишора шуд, Абурайҳони Бурунӣ ривоятҳои сершумор овардааст, ки ҳар кадом арзише хос доранд ва аз ғановати фарҳанги миллӣ башорат медиҳанд. Фаразан, Берунӣ ҷойи дигар боз мефармояд: “Салмони Форс мегўяд: Мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст, ба ҷавоҳири дигар”.

Абурайҳони Берунӣ аз забони асҳоби найранг меорад, ки “Ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд” ва ғайра. Ин ҳама ҳамин маъниро дорад, ки шуҳрати ин ҷашнвора дар асрҳои миёна басо паҳн гардида будааст ва бузургон оид ба ягон хусусияти хоси он чизеро дар ёд доштаанд.

Берунӣ доир ба муҳлати Меҳргон ҳам баҳс ба миён овардааст, ки ҷое менависад: “Мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то 30 рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он, ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд ва барои ҳар табақае панҷ рӯз ид донистаанд”.

Муҳим он аст, ки Меҳргон асосан моҳияти деҳқониро ва умуман кишоварзию боғпарварӣ ва зироаткориро фаро гирифта, ҷашн ё худ иди ғундории ҳосил маърифат мешавад, ки хеле ҷолиб аст. Деҳқонон дар наздикшавии иди мазкур тавассути ҳашарҳо ва ҳосилғундории дастаҷамъӣ ба истиқболи Меҳргон омодагӣ медиданд. Хосса таҷлили ҷашни Меҳргон дар замони ҳукумати Сосониён бо як омодагии махсус ва бо тайёрии бисёр ҳамаҷониба дар сатҳи баланд пешвоз гирифта мешудааст. Ҳатто нухбагону фарҳехтагон ҳокимони замонро ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон табрик гуфта, барояшон ба ин восита накутарин накуиҳои ҳаётро таманно кардаанд.

Фаразан, Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Рӯдакӣ шоҳи Сомониро, шояд Насри II ибни Аҳмадро, ба истиқболи ҷашни Меҳргон тавассути каломи ҳунарии манзум чунин муборакбод гуфтааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад. Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ, Бадали боғу бӯстон омад. Мӯрд ба ҷои савсан омад боз, Май ба ҷойи арғавон омад. Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон, Маҳ ба бахти ту навҷавон омад.

Чунонки дида мешавад, мухотаби Одамушшуаро устод Рӯдакӣ малик буда, фарорасии иди Меҳргонро таъкиди маҳз намудааст. Яъне устод Рӯдакӣ Меҳргонро ҷашни шоҳону хусравон унвон мекунад ва ин ниҳоят ҷолиб аст.

Дар таърихи адабиёт баҳору ҷашнҳои куҳани миллиро касе то ба дараҷаи Манучеҳрии Домғонӣ васфу ситоиш накардааст ва беҳуда ҳам нест, ки донишманди шинохта Абуалии Дастғайб Манучеҳрии Домғониро “Шоири табиат” номидааст ва ё донишманди маъруфи тоҷик, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода таъкид кардаанд, ки Манучеҳрии Домғонӣ дар тасвири ҷузъиёти баҳорї беқиёс аст, зеро “аз абр то ба замин афтидани ҳатто як қатраи боронро чиҳилу чаҳор навъ баён кардааст” ва дар таърихи адабиёт дар ин ҳунар касе ба ин шоир расида натавонистааст.

Воқеан дар ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада касе ба дараҷаи Манучеҳрии Домғонӣ васфҳои зиёд эҷод накардааст. Мо ҳоло чанд намуна аз васфияҳои ин шоири хушсалиқа, ки дар ситоиши ҷашни Меҳргон аст, зикр намуда мебинем, ки ӯ то кадомин поя дар ин ҷода маҳорати воло дорад.

Чунончи, Манучеҳрӣ дар рӯзгори Фаридун иттифоқ афтодани кашфи Меҳргонро хотиррасон карда мегўяд: Боз дигарбора Меҳрмоҳ даромад, Ҷашни Фаридунӣ Отибин бадар омадӣ.

Ё худ Манучеҳрии Домғонӣ дар мусаммати ёздаҳуми хеш, ки “Дар таҳнияти ҷашни Меҳргон ва мадҳи Султон Масъуди Ғазнавӣ” унвонгузорӣ шудааст, чунин мегўяд: Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад, Бонги овойдаройи корвон омад. Корвони Меҳргон аз щазорон омад, Ё зи ақсои билоди Чинситон омад. На аз ин омад, биллаҳ на аз он омад, Ки зи Фирдавси барину з-осмон омад. Ё ин ки дар банди дуюми ҳамин мусаммат боз мефармояд: Меҳргон омад, ҳон, дар бикшоедаш, Андар ореду тавозуъ бинмоедаш…

Аз тасвири Манучеҳрии Домғонӣ ва муносибати бевоситаи ӯ ба ин ҷашни миллӣ бармеояд, ки шоир ба шодмонии том ҷашнро истиқбол кардан мехоҳад ва аз дигарон низ ҳамин тарзи пазироиро тақозо мекунад. Зеро шоир ҷашни пирӯзӣ (корномаи Фаридун алорағми Заҳҳок)-ро ва ҷашни ҳосилотро қудсӣ маърифат менамояд.

Чунин тарзи муносибат гувоҳи он аст, ки ҷашнҳои миллии мардумони мо ҳанӯз дар тамоми асрҳои миёна бо қадршиносии хосса истиқбол мешудаанд.

Ҳанӯз дар замони Сосониён Меҳргон хеле арҷгузорӣ мешавад, зеро маҳз маҳбубияти Меҳргон аст, ки ҳанӯз дар рӯзгори Сосониён аз ҷониби ромишгари беқиёс Борбади Марвазӣ сурудҳои мавсимию маросимие таҳти ановини “Меҳргони бузург” ва “Меҳргони хурд” рўйи кор омадаанд. Аз сўйи дигар, “Меҳргони хурд”-ро номҳои дигар низ додаанд ва мушаххасан онро “Меҳргони Борбадӣ” ва ё “Меҳргони шоҳӣ” низ унвон кардаанд. Инчунин таҳти унвони “Меҳргонӣ” низ ҳамин ромишгар – Борбади Марвазӣ бахшида ба гиромидошти иди Меҳргон оҳанги мусиқие эҷод карда будааст, ки аз муносибати ниёгон ба ин ҷашнвораи миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Таснифоти фавқуззикри ромишгари бемонанд – Борбади Марвазӣ ғолибан миёни мардумони Мовароуннаҳру Хуросон истиқболи хосса доштааст ва аз сеяки беҳтарину барҷастатарин сурудаҳои ҷашни Меҳргон дониста мешудааст.

Мирзо Солеҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор