– Зери ин унвон имрӯз 25-уми октябри соли 2023 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии идона бахшида ба Иди “Меҳргон” баргузор гардида истодааст.

Дар саҳни бинои асосии донишгоҳ дастархони идонаи факултетҳо, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ буд ба намоиш гузошта ҳайати меҳмонон зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, дидан намуданд.

Сипас, чорабинии идона бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем.

Тибқи пешбурди чорабинӣ аз тарафи омӯзгорону донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултетҳо барномаи хотирмони фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳод хоҳад гардид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ