Маснавии «Саодатнома» яке аз асарҳои дигари шоир буда, дорои 300 байт аст. Мавзӯъҳои асосии «Саодатнома»-ро масъалаҳои панду ахлоқ, некӣ, бурдборӣ, эҳсон, ҷавонмардӣ, меҳру вафо дар бар мегирад.

Боби дувум

ДАР НЕКХОҲӢ

Дило, пандам ниюшу дил дар ў банд,

Зи ту тавба, зи пирони куҳан панд.

Азеро, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ,

Макун коре, ки боз орад табоҳӣ.

Макун коре, ки аз нангу надомат

Сияҳрўӣ кашӣ андар қиёмат.

Макун аз ҳоли мискинон фаромўш,

Чу дорӣ мояе, дар илми дин кўш.

Даруни дардмандон шод медор,

Зи рўзи бозгаштан ёд медор.

Чу дар некӣ ризои кирдгор аст,

Беҳ аз некӣ, назар кун, то чӣ кор аст?

Чу аз сўҳбат кунад бар нафс таъсир,

Ба сўҳбат дўстони мўътабар гир.

Дилатро рост кун, гар росткорӣ,

Ки ҳаст аз росткорӣ растагорӣ.

Зи омўзанда панди нек баргир,

Зи некӣ, гар бадат ояд, маро гир.

Давом дорад…