Имрӯз дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав истиқболи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2023-ро дар маросими тантанавӣ пешвоз гирифтанд.

Дар даромадгоҳи донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибон бо гулдаста қабул намуданд.

Ғолибон:

1. Чоршанбиев Собирҷон, донишҷӯи факутети Химия ва биология, аз руйи номинатсияи , ғолиби ҷойи 1-юм;

2. Ибрагимов Азизулло, донишҷӯи факултети химия ва биология, аз руйи номинатсияи биология, ғолиби ҷойи 3-юм;

3. Қаҳоров Дилшод, донишҷӯи факултети Информатика, аз руйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ, ғолиби ҷойи 3-юм.

Инчунин, ба ғолибон ва омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдон саҳм доштан қадрдонӣ бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 3 то 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.