Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии “Низоми андоз” бо иштироки омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил доир гашт.

Дар маҳфил Бегов Абубакр, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзуи “Тартиби андозбандии воситаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Давлотова Шаҳло, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Саҳми андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар ғани гардонидани буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намудад.