Аз 24-25- уми октябри соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи дуюми минтақавии илмию амалии «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Конференсияи илмӣ-амалии мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (PECA), ки аз ҷониби Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон (GIZ) бо мақсади пешбурди тадбирҳои муассир оид ба ислоҳоти системаҳои миллии таҳсилоти касбӣ ва мавқеъгирии таҷрибаи пешқадами фаъолияти таълимии системаи таҳсилоти касбӣ ташкил карда шуда буд.

Дар кори конференсияи мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 27 нафар иштирок намуданд.

Аз ҷумла Ҳасанов Шуҳрат, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок ва баромад намуд.