ИФТИХОРӢ АЗ ФАРҲАНГИ ТОҶИК

  • Азизов Сафарбек Нуриддинович, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Ҳувияти миллӣ ба маънои эҳсоси фардӣ ва дастаҷамъии мансубият ба як ҷомеаи мушаххаси миллӣ, ҳамбастагӣ бо рамзҳо, арзишҳо, фарҳанг, таърих, қаламрав, ниҳодҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ; “огоҳии ҷомеаи миллӣ аз вижагиҳои хоси миллӣ, дарки аъзои он аз ҳадаф, ормон, ниёзҳои миллат фаҳмида мешавад” [5, с. 57]. Фард бо анҷоми фароянди худшиносии миллӣ худро дар дараҷаи аввал ба давлат нисбат медиҳад ва онро кафили ҳифзу афзоиши арзишҳои миллӣ, маънавӣ, моддӣ ва ҳамчун олитарин шакли созмони иҷтимоӣ медонад, ки имкони ҳифзи шинохти сифатии миллатро фароҳам меоварад.

Дар ҷараёни худшиносии миллӣ фард вазифаҳои шаҳрвандии давлатро ба дӯш мегирад, таъйид ё адами таъйиди худро нисбат ба навъи ҳокимияти эҷодшуда дар ҷомеа баён мекунад “мувофиқат ё мухолифати худро бо интихоби таърихӣ, дарки шахс аз аҳаммияти худ ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳон эълом месозад” [8, с. 51]. Ҳувияти миллӣ дар заминаи парадигмаи мувофиқи миллӣ, дар чорроҳаи соҳаҳои миллӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ-психологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ-фарҳангӣ ва ғайра ташаккул меёбад. Мундариҷаи он хусусиятҳои муқарраршудаи фарҳанги миллӣ, хусусиятҳои қавмӣ, урфу одатҳо, эътиқодҳо, афсонаҳо, амрҳои ахлоқӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти миллӣ, зеҳният ва хислати миллӣ, хотираи таърихӣ, анъанаҳои миллӣ ва қолабҳои рафтор шуури коллективӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.

Ҷузъи вуҷудии собит ва таҷдиди ҳувияти ҳар як миллат ҳамчун як ҷомеаи иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсӣ рамзҳо ва ормонҳои миллӣ-давлатӣ мебошанд. Маҳз ормони миллӣ ҳамчун ифодаи мафҳумии тафаккури мардум ҷамъбасти вуҷуди миллиро таъмин намуда, тавассути он ҷаҳони атроф дарк карда мешавад ва халқ мавқеи худро дар он муайян мекунад. Ҷузъҳои муҳими ҳувияти миллӣ тасаввури ҷойгоҳи кишвар дар ҷаҳон, мансубияти фарҳангӣ ва тамаддунии он, манфиатҳои миллӣ, афзалиятҳои геополитикӣ мебошанд.

Ҳувияти миллӣ имкони исботи ақлонии ормонҳои худшиносии миллиро фароҳам мекунад. Дар заминаи сиёсат, он ба давлат ва мақомоти он ё муодили сиёсии онҳо дар миллатҳои бешаҳрванд муқовимат мекунад. Мушаххастарин вазифаи сиёсии ҳувияти миллӣ қонунӣ гардонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои якхела мебошад, ки аз ҷониби ниҳодҳои ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуда, арзишҳо ва хусусияти миллатро муайян намуда, анъана, расму ойин ва маросимҳои вижаи онро инъикос мекунанд. “Ҳамчун маҷмуи эътиқод, мавқеъ ва боварҳои умумие, ки дар раванди ташаккули ҷомеаи ҷудогона ташаккул ёфтаанд, ҳувияти миллӣ бо қабули ормонҳои сиёсии гурӯҳи муайяни сиёсӣ ё қабули давлат омезиш меёбад” [5, с. 87]. Аз ин рӯ, ҳувияти миллӣ ба дарки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои мардум мансубияти онҳо ба миллати муайян ва умумияти аксари сифатҳое асос ёфтааст, ки онро аз дигар миллатҳо тафовут мебахшанд. Агарчи огоҳӣ аз шаклгирии миллат мумкин аст барои муддати тӯлонӣ собит бошад, аммо аносире, ки чунин эҳсосе бар он устувор аст, метавонанд мутафовит бошанд.

Мафҳуми ҳувияти миллӣ инчунин зуҳури худидоракунии дастаҷамъонаи симои ҷомеаи миллии худро дар назар дорад, ки табиати он бештар ба шартҳои объективӣ ва амалияи фаъолияти ҷомеаи миллӣ вобаста аст. Масалан, вазъиятҳое, ки ин ё он миллат дар он қарор дошта метавонанд (вазъияти мусоиди иқтисодӣ ё ноустувори сиёсӣ, таҳдидҳои беруна ва ғ.). Худсозии ҷамъӣ аз тасвири ҷомеаи миллии худ низ метавонад таҳти таъсири ғояҳои ҳокими арзишӣ, устуравӣ ва қолабҳо, ки таззоди байни “мо” ва “онҳо”, “худӣ” ва “бегона”-ро ба таври махсус тасвир мекунанд, қарор бигирад.

Агар ҳувият ҳамчун устувории муайяни параметрҳои фардӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, миллӣ ё тамаддуни худшиносии онҳо фаҳмида шавад, пас маълум мешавад, ки меҳвари ҳувият на иртиботи инсонӣ, балки фарҳанги суннатӣ, миллӣ мебошад, ки барои он густариши алоқа, ташаккули ҷамъияти занҷиравӣ хеле душвор аст. Василаи асосии ҳифзи ҳувият на танҳо муоширати ғайришахсии афрод, балки муколама ва идомаи фарҳангҳост. Дуруст аст, ки имрӯз чунин ҷавоби умумӣ дигар мукаммал нест, зеро худи муколама ва идомаи фарҳангҳо дар ҳолати буҳрони ҳувият ё тағйирёбии босуръати он, инчунин “вазъияти гуногунандешии ҳувият печидатар мешавад” [10, с. 54].

Фарҳанги миллӣ як роҳи сохтани мафҳумест, ки ба миллат таъсир мерасонад ва инчунин амалу андешаҳои онро ташкил медиҳад. Ба ақидаи С. Гол, «фарҳангҳои миллӣ ҳувият бунёд намудан, маънои мафҳуми миллатро ба вуҷуд меоваранд, ки аъзои он худро бо он шиносоӣ карда метавонанд» [11, с. 13]. Ба таркиби фарҳанг забон, ҳунар, фарҳанги омма, адабиёт, фалсафа, дин, расму ойин ва намоду рамзҳоро шомил сохта, мо ба ақидаи Э. Гелнер мувофиқем, ки “мавҷудияти фарҳанги воло шарти ногузири тавлиди миллат аст” [1, с. 85-86]. Ба унвони як ҷамъ, ҳувияти миллӣ мубтанӣ бар ин асл аст, ки фард аносири асосии фарҳанги миллиро ҷазб мекунад, онҳоро мутаалиқ ба худ мешиносад ва худро бо онҳо ҳамсон месозад. Дар натиҷа фард эҳсоси тааллуқ ба иҷтимоъ (бар асоси шабоҳат) пайдо мекунад.

Дар баробари ин, фард нисбат ба дигар ҷомеаҳои миллӣ (дигарӣ) ҳисси ҷудоӣ пайдо мекунад. Ин сохти ҳувият хусусияти муколамавӣ дорад, ки муносибати шахсият ва ҷомеаи миллӣ, инчунин байни миллатҳоро муайян мекунад. Бо ин ҳол, наметавон фаҳмид, ки дақиқан чӣ чизе тааллуқи як фардро ба як миллатро таъйин мекунад – меӣёрҳои айнӣ ё зеҳнӣ, яъне таваллуд (хун), макон (Ватан), забон, фарҳанг ё ҳамон огоҳии милли фард. Ҳамчунин бояд ба назар гирифт, ки фард маъмулан узви беш аз як ҷамъияти тафсирӣ аст, аз ин рӯ, ҷараёни бунёди шахсияти ӯ аз қабул ё рад кардани унсурҳои ҳувияти гурӯҳҳои гуногун, ки фард барои пайвастан ба онҳо мекӯшад, иборат аст.

Мафҳуми ҳувияти миллӣ дар ҷанбаи таърихӣ низ ба миён меояд. Аввалан, ҳувияти дастаҷамъӣ тавассути мубоҳиса дар вазъияти мушаххаси таърихӣ ташаккул меёбад ва дар шароитҳои муайян метавонад ба дигаргунии куллӣ дучор шавад. Сониян, бо омӯхтани таърих мо гузаштаро шарҳ медиҳем, то имрӯзро хубтар дарк кунем. Аз ин рӯ, мушоҳидаҳои тағйирёбии шахсият имкон медиҳад мо на танҳо ин нуктаро, ки «аз куҷо омадаем» ва «ба куҷо равонаем», балки тибқи гуфтаҳои Ҷ. Фридман «мо кӣ хоҳем буд»-ро хубтар дарк намоем” [3, с. 52].

Қолабсозиҳои миллӣ нақши муҳимме дар шаклгирӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ доранд. Қолабҳо то андозае шахсони алоҳидаро ба маҷмуи хислатҳое равона мекунанд, ки барои онҳое, ки ба миллати мушаххас тааллуқ доранд, умумӣ ҳисобида мешаванд. Қолабсозӣ ин барҷастасозӣ ва аксаран муболиға дар тасвиру тафсири баъзе хусусиятҳои хоси намояндагони як миллат аст. Масалан, фаронсавиҳо аз Равшангарӣ ва дигаргуниҳое, ки инқилоби солҳои 1789-1799 дар пай доштааст, фахр мекунанд. Юнониён аз мероси кадимии худ дар санъат ва фалсафа, ҷорӣ намудани демократия ва бозиҳои олимпӣ ифтихор доранд.

Афроде, ки ҳувияти миллии мушаххаси муштарак доранд, ба эътиқод, ба фарҳанг, таърих, хешовандӣ, забон, дин, қаламрав ва сарнавишти муштарак ба андозаи мутафовит такя мекунанд. Чунин худшиносӣ, чун қоида, ба шаҳрвандони ин ё он давлати миллӣ нисбат дода мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳувиятҳои миллии ифодаёфта метавонанд аз ҷониби афроди алоҳидаи миллатҳои бешаҳрванд, ба монанди Квебек, Каталония, кишварҳои Баскӣ ва Шотландия мубодила карда шаванд. Хотироти ҷамъӣ аз давроне ки миллате мустақил буд, ё таҳти ситам қарор дошт, ё ба мавқеъияти пешрав дар ҷаҳон даст ёфта буд, тамоюл дорад ҳисси ҳувияти муштаракро дар миёни касоне, ки ба як миллат тааллуқ доранд, тақвият бахшад, ҳатто агар он миллат давлати миллии худро надошта бошад.

Пайвастагӣ аз ғояи миллат ҳамчун як мавҷудияти решадори таърихӣ бармеояд, ки ба хотири оянда пешбинӣ шудааст. Афрод ин пайвастагиро аз тарақи маҷмуае аз эҳсосот дарк мекунанд, ки дар тӯли замон густариш ёфта, ба мафҳуми муштараке, ки фақат “худиҳо” метавонанд онро дарк кунанд, муттаҳид мешаванд. Тафовут натиҷаи огоҳӣ аз ташаккули як ҷомеаи алоҳидаест, ки дорои фарҳанг, гузашта, рамзҳо ва анъанаҳои умумие мебошад, ки ба сарзамини маҳдуд алоқаманд аст. Пайвастагӣ ва тафовут аз дигарон боиси тафовут миёни аъзои ҷомеа (касоне, ки ба он шомиланд) ва «бегона», «дигарон» ва гоҳо «душманон» мегардад” [2, с. 19-20].

Бо дар назар гирифтани як миллат ба унвони гурӯҳе аз мардум, ки огоҳ ҳастанд, ки як ҷомеаи миллиро ташкил медиҳанд, фарҳангу гузаштаи муштарак, барномаи муштарак барои оянда доранд, бо сарзамине мушаххас муртабит ҳастанд, Ҳибернав баён мекунад, ки “ҳувияти миллӣ дорои панҷ буъд аст: равонӣ, фарҳангӣ, ҳудудӣ, таърихӣ, сиёсӣ” [81, с. 21-38]. Буъди равоншинохтии ҳувияти миллӣ аз он бармеояд, ки як гурӯҳи шаклгирифта дар заминаи “эҳсоси наздикӣ” вуҷуд дорад, ки афроди мутааллиқ ба он миллатро муттаҳид мекунад.

Ҳувияти муштараки миллӣ дар байни мардуми мансуб ба он миллат пайванди эҳсосӣ эҷод мекунад ва ин пайванд на ақлӣ, балки равонӣ аст. Қувваи эҳсос бар ақл бартарӣ дорад, зеро маҳз тавассути ҳамбастагии эҳсосӣ бо миллат аст, ки афрод аз зиндагии беохир ва ҳадди ақал барои баъзеҳо бемаънии худ фаротар мераванд. Саъю талош ва фидокориҳои онҳо ҳалкунанда, ҳатто қаҳрамонона мегардад ва боварӣ бар он, ки онҳо дар роҳи расидан ба аҳдофи олӣ – ҳифзу бунёди миллат саҳм гузоштаанд, иззати нафси афродро боло бурда, симои онҳоро дар тахайюлот ва хотираи афроди мансуб ба ҳамон миллат баланд мекунад.

Буъди фарҳангии ҳувияти миллӣ дар он ифода мешавад, ки фарҳанги умумӣ ба эҷоди пайвандҳои ҳамбастагӣ миёни аъзои як ҷомеаи мушаххас мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳамдигарро мутааллиқ ба як миллат эътироф кунанд ва ҷомеаи худро аз дигарон ҷудо ва мутафовит донанд. Арзишҳо, муносибатҳо, урфу одатҳо, расму ойинҳо, забонҳо ва таҷрибаҳо ба аъзоёни наве, ки фарҳанги як миллатро меомӯзанд, интиқол дода мешаванд. Тавассути анъана, намуд ва расму ойин нухбагон ва омма ҳамчун аъзои як миллат муттаҳид мешаванд. Дар таҳкими ҳувияти миллӣ забоне, ки тавоноии он аз тавоноии эҷоди майдонҳои муштараки мубодила ва иртибот бармеояд, нақши хоса дорад.

Бурди таърихии ҳувияти миллӣ ба аъзои миллат хотираи дастаҷамъии пур аз лаҳзаҳои мовароии ҳаёти ҷомеаро медиҳад. Аъзои миллат майл доранд, ки аз решаҳои деринаи худ ифтихор ва ба таври умум онҳоро ҳамчун нишонаи устуворӣ, тавоноӣ ва ҳатто бартарӣ нисбат ба дигар миллатҳо, ки наметавонанд аз гузаштаи бойи худ шаҳодат диҳанд, маънидод кунанд. Эҳсоси пайвастагӣ бо гузашта ва пешгӯӣ ба ояндаи одамони як миллатро муттаҳид мекунад.

Буъди сиёсии ҳувияти миллӣ аз робитаи он бо давлати миллӣ, ки дар ҳамин авохир ба вуҷуд омадааст, бармеояд. Давлати миллӣ аз замони таъсисёбӣ фарҳанг ва забони гурӯҳи ҳокимро дар ҳудуди худ интихоб ва бар сари ҳар кас таҳмил намуда, саъй кардааст, ки аз миллатҳои гуногун ё бахше аз миллатҳо як миллати ягона ба вуҷуд оварад. Буъди сиёсии ҳувияти миллӣ ба амалҳои давлати миллӣ тамаркуз мекунад, ки бояд ҷомеаи муттаҳидро тавассути як қатор роҳбурдҳо барои эҷоди шаҳрвандони аз ҷиҳати фарҳангӣ ва забонӣ муштарак бунёд кунад.

Буъди ҳудудии ҳувияти миллӣ дар он аст, ки миллатҳо сарзамини таърихиеро, ки дар он ҷомеаҳо зиста, фазои хосси иҷтимоиро, ки аъзоёни онҳо бояд дар он зиндагӣ ва кор кунанд, муайян мекунанд. Ин меъёрҳо равандҳои муайян кардани «ҷойҳои муқаддас», объектҳои ибодати маънавӣ-таърихӣ, ифшои вижагии «ҷуғрофиёи маънавӣ» як миллатро таъмин месозанд. Аз нуқтаи назари иқтисодиёт давлатҳо назорати захираҳои ҳудудӣ, аз ҷумла, захираҳои инсониро тавассути муайян намудани узвият ва захираҳои дохилисарҳадӣ кафолат медиҳанд” [2, с. 21].

Сифати «миллӣ» мазмуни шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дорад, яъне тамоми шаҳрвандони кишварро фаро мегирад. Ҳамзамон, кишвар ҳамчун фазои соҳибихтиёри сиёсӣ фаҳмида мешавад, ки сокинони он бо ризоияти худ ба мавҷудияти алоҳидаи ҳудудӣ ва дарки арзишҳои муайянкунандаи иҷтимоӣ – ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ (шахсӣ ва коллективӣ) ва худшиносии фарҳангӣ муттаҳид шудаанд [10, с. 177].

Аксаран дар мабоҳиси илмӣ ҳувияти миллӣ бо ҳувияти сиёсӣ ё фарҳангӣ ва аз ҳама бештар бо ҳувияти қавмӣ, ки аз ҷиҳати мазмун ба он наздик аст, яксон дониста мешавад. Вобаста ба ин Л. Нагорна дуруст тазаккур медиҳад, ки ҳувияти миллӣ ҳам ҷузъи сиёсӣ ва ҳам ҷузъи фарҳангии худро дорад. Аз ин рӯ, дастикам гиритани аҳаммияти мустақили ҳувияти сиёсӣ ё фарҳангӣ ба маънои ибтидоӣ шудани фароянди шинохти мантиқи тавсеаи иҷтимоӣ аст [8, с. 19]. Ҳангоми истифода аз мафҳуми «ҳувияти фарҳангӣ-миллӣ» ба ҷузъи фарҳангии ҳувияти миллӣ диққат дода шуда, мафҳуми «ҳувияти миллии шаҳрвандӣ» пеш аз ҳама ба ҷузъи сиёсӣ таваҷҷӯҳ дорад.

Ҳувияти миллӣ ба як падидаи ҳамзамон табдил ёфта, унсурҳои муайяни ҳам ҳувияти этнофарҳангӣ (дар натиҷаи таъсири омилҳои этнофарҳангӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар муддати тӯлонӣ ташаккул ёфтаанд: хотираи таърихӣ, фарҳанг, забон, дин) ва ҳам шаҳрвандиро (ки ба созишномаҳо оид ба меъёрҳои иҷтимоию сиёсӣ асос меёбад) дар бар мегирад [8, с. 1-3]. Ҳувияти миллӣ дар муҳтавои худ ҳавзае аз ғояҳо, арзишҳо ва маънои фарҳанг аст, ки тавассути аксарияти шаҳрвандони кишвар дарк мешавад.

Ҳувияти миллӣ бо ҳувияти фарҳангӣ робитаи зич дорад. Ҳувияти фарҳангӣ нишондиҳандаи муҳими рушди шахсият аст. Чӣ андоза, ки як фард худро бо фарҳанги ҷомеае, ки дар он фаъолият мебарад, ҳамбаста медонад, чӣ андоза ки шурӯъи шахсияти ӯ тавсеаи амиқ меёбад, ҳамон андозаи ӯ равшантар ва пайвастатар низоми равобити худ бо дигарон ва умуман ҷаҳони берунаро ба роҳ мемонад. Аз байн рафтани ғояҳо дар бораи ҳувияти фарҳангӣ ба он оварда мерасонад, ки инсон ҳисси ҳамоҳангӣ, муназзамии оламро аз даст медиҳад. Дар ин вазъият, ҷаҳон аз ҷониби ӯ ҳамчун бегона, ҳамроҳ бо таҳдидҳои эҳтимолӣ ва зӯроварӣ, ки метавонад ба худи ӯ ҳам амал кунад, қабул карда мешавад. Аз даст додани ҳувияти фарҳангӣ дар падидаҳое монанди бегонагии фард аз худ, дигар афроди ҷомеаҳо, ҷомеа ба унвони як воҳид, дар масхи шахсият, дар таъорузи нақшҳо, дар рафтори инҳирофӣ ошкор мешавад.

Чунин вазъиятро метавон ҳамчун бӯҳрони ҳувияти фарҳангӣ тавсиф кард. Ин буҳрон ҳамчун анҷоми раванди шинохти фарҳангӣ, ки аз кӯдакӣ оғоз ёфта, дар тӯли ҳаёт идома меёбад, пайдо мешавад. Агар раванди шинохти фарҳангӣ бо ин ё он сабаб ба вуҷуд наояд, ин боиси тағйироти ҷаҳишӣ дар низоми иҷтимоъию фарҳангӣ ва пайдоиши шахсияти иҷтимоие мегардад, ки бо кишвар, миллат ва фарҳанги он робитаи наздике ба роҳ намемонад [12, с. 26]. Замоне ки раванди ҳувиятсозӣ аз рӯи мансубияти миллӣ ва фарҳангӣ анҷом меёбад, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии субъект ба вуҷуд меояд. Раванди чунин худшиносӣ мураккаб аст. Эҳсоси узвият дар миллат ва ҳомили арзишҳои фарҳанги миллӣ комилан мутаноқиз аст ва боиси даргириҳои амиқи шахсӣ мешавад, ки гоҳ ба “шикоф”-и воқеа дар руҳу равони инсон табдил мешавад.

Пас, ҳувияти миллӣ мавҷудияти як ҷомеаи муайяни миллиро пешбинӣ мекунад, ки тибқи таърифи олими бритониёӣ Э. Смит «номи худ, қаламрави таърихии худ, устураҳои умумӣ ва хотираи таърихӣ, фарҳангӣ оммавӣ ва ҷамъиятии муштарак, як иқтисоди умумӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи аъзоёнро дорад» [9, с. 23]. Ин заминаҳои объективӣ ва вижагиҳои ҷомеаи миллӣ аломатҳои асосии ҳувияти миллӣ мебошанд. Он табиатан бисёрҷанба аст ва онро ҳеҷ гоҳ ба ягон унсур кам кардан мумкин нест. Гузашта аз ин, ҳувияти миллӣ синтези хоси хусусиятҳои объективӣ ва субъективӣ дорад, ки як ҷомеаи миллиро аз дигараш фарқ мекунад. Дар ин маврид ҳисси тақдиру таҷрибаҳои умумӣ, хотираи ҷамъӣ, яъне ҳамаи он чизе, ки ба ташаккули дастаҷамъии «Мо» мусоидат мекунад, аҳаммияти ҷиддӣ пайдо мекунад.

Ҳувияти миллӣ натиҷаи рушди танҳо ҷомеаҳои қавмӣ нест, зеро он то абад воқеияти собит боқӣ мемонад. Дар сохтани ҳувият тавассути фард бо як ҷомеаи муайяни қавмӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳо ва асосҳои хоси худро дорад. Ҳеч як аз миллатҳои мудерн дар замони зуҳури он суботи вижагиҳои фарҳангӣ – забон, суннатҳои муштарак, одоб ва русум ва ғайраро надоштанд. Чизи умумӣ дар ин давра худшиносии сиёсии шаҳрвандони як давлати мустақил аст [10, с. 177].

Аз ин рӯ, ҳувиятҳои қавмӣ ва миллӣ дараҷаҳои гуногуни устуворӣ доранд. Ҳувияти қавмии ашхос аз рӯи пайдоиши онҳо, мансубият ба як ҷомеа муайян карда мешавад ва он чизест, ки онҳо ҳамеша тағйир дода наметавонанд. Интихоби ҳувияти миллӣ бо омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ муайян карда мешавад, ки онро бештар вазъиятӣ ва динамикӣ ва носозгор мегардонад. Агар ҳувияти қавмӣ бо аломатҳои устуворӣ хос бошад, азбаски он ба фарҳанг ва пайдоиши муштараки доимӣ ва бетағйир асос ёфтааст, пас ҳувиятҳои дастаҷамъӣ, баракс, падидаҳои зотӣ (нуҳуфта дар фард) нестанд. Ҳувияти дастафамӣ метавонад дар зери таъсири омилҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ташаккул ва тағйир ёбад, аз байн равад. Ин воқеият махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ мубрам ба назар мерасад.

Ҳувияти қавмӣ на танҳо дарк кардани ҳувияти худ бо ҷомеаи қавмӣ, балки арзёбии аҳаммияти узвият дар он аст. Аҳаммият бояд дод, ки дар муҳити сермиллат, вақте ки шахс худро ба арзишҳои фарҳанги миллии дигар таҷдиди назар мекунад, аксар вақт муайян кардани мансубияти қавмӣ қариб ғайриимкон аст. Ғайр аз ин, аъзоёни як ҷомеаи қавмии дорои ҳувияти қавмии муштарак метавонанд хусусиятҳои гуногуни миллӣ дошта бошанд [4, с. 85-86].

Ҳамин тавр, баҳси фалсафӣ-иҷтимоии худшиносии миллӣ асосу аносири бунёдии мафҳуми ҳувият ва худшиносии миллиро то андозае равшан сохта, дар ин замина вобаста ба қаринаи пажӯҳишот ва мавзуи таҳқиқот тафосири гуногунро ба миён овардааст.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1.Гелнер, Э. Нации и национализм [Текст] / Эрнест Гелнер [пер. с англ.]. – К.: Таксон, 2003. – 300 с.

2. Гибернау, М. Идентичность наций [Текст] / Монтсеррат Гибернау. – К.: Темпора, 2012. – 304 с.

3. Гнатюк, О. Прощание с империей: украинские дискуссии об идентичности [Текст] / Оля Гнатюк. – К.: Критика, 2005. – 528 с.

4. Заковоротная М. Идентичность человека. Социально–философские аспекты [Текст]/ Заковоротная М. В. – Ростов–на–Дону: Изд–во Северо–Кавказского научного центра высшей школы, 1999. – 175 с.

5. Козловец М. Феномен национальной идентичности: вызовы глобализации [Текст] / М. А. Козловец. – Житомир: Изд–во ЖГУ им. И. Франко, 2009. – 558 с.

6. Лукина А. Новые исследования национальной идентичности [Текст] / А. В. Лукина // Известия Уральского государственного университета. – 2004. – № 33. – С. 238–246.

7. Нагорная Л.П. Национальная идентичность в Украине [Текст] / Л. П. Нагорная. – К.: НАНУ. Ин–т политических и этнонационалных исследований, 2002. – 272 с.

8. Саракун Л. От маргинализации – к кризису идентичности [Текст] / Л. П. Саракун // Формирование личности в условиях транзита: монография // В. Д. Гвоздецкий, М. Ю. Зелинский и другие. – К.: МП Леся, 2015. – С. 51–68.

9. Смит Э. Национальная идентичность [Текст] / Энтони Д. Смит; [пер. с англ. П. Таращука]. – К.: “Основы”, 1994. – 223 с.

10. Степико М. Украинская идентичность: феномен и основы формирования: монография [Текст] / М. Т. Степико. – К.: НИСИ, 2011. – 336 с.

11. Hall S. Introduction Who: Needes “Identity”? / S. Hall // In: S. Hall, P. du Gay (ed.). Questions of Cultural Identity. – London: SAGE Publications, 1996. – pp. 1 –17.

12. Элиас Н. Общество индивидов [Текст] / пер. с нем. А. Антоновский, А. Иванченко, А. Круглов. – М.: Праксис, 2001. – 336 с.

13. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон дар остонаи фардо [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 202 с.

14. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 228 с.

15. Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи милат. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди аввал [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 2002. – 512 с.

16. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият неъмати бебаҳост [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Шарқи озод, 2001. – 114с.

17. Эмомалӣ Раҳмон. Маорифпарвар [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: 2012, – 336 с.

18. Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. / Э. Раҳмон [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.

19. Эмомалӣ Раҳмон. Паём ва рисолати созандаи он[Матн] / Э. Раҳмон. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – 514 с.

20. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Эр–граф, 2016. – 364 с.