• Алиев Ҳайдар Темурқулович, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Мавзуи мазкур аз масъалаҳои мубрами рӯзу давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Он арзу сипос ва ҷавобест хоксорона ба ғамхориҳои беандозаву фидокоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёю рушди ин соҳаи муҳими давлатсозии кишвар. Бо камоли дарки масъулият изҳор медорем, ки таълифоти мо қатраест аз баҳр дар назди он хизматҳои ҷонфидоёнаи Пешвои миллат. Барҳақ хизматҳои Президенти кишвар дар назди халқу давлат арзандаи ҳама гуна ситоиш аст. Албатта дар доираи як мақола ҷой додани тамоми заҳматҳои роҳбари давлат дар ҷодаи соҳаи маорифи даврони истиқлол амрест душвор. Дар ин мавзӯъ таълифотҳои калонҳаҷм мебояд, ки оянда мақсади рушди онро дорем. Ин аввалин кушиши марҳалабандӣ намудани рушди соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад ва фикр мекунем аз камбудиҳо норасоиҳо орӣ нест. Ҳар эроду пешниҳодҳо аз ҷониби муаллифон бо арзу сипос истиқбол хоҳад шуд.

Дигар ин ки оиди мавзӯи мақолаю мазкур адабиётҳои гуногун зиёд таълиф гардидааст. Дар таълифи мақола муаллифон кӯшиш ба харҷ додан, ки дар доираи имкониятҳо маълумотҳои адабиётҳои зиёд истифода ва бараси гардад. Алалхусус дар мақола аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зиёд истифода бурда шудааст. Дар ин паёмҳои Президенти кишвар оиди паҳлуҳои гуногуну алоҳидаи соҳаҳои маориф ҳарсола маълумотҳои муҳими омориву илмӣ дода шудааст.

Марҳалабандии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи таҳлили адабиётҳои мавҷуда метавон ба 3 марҳала ҷудо намуд:

1. 16 ноябр – 2 декабр соли 1992 то охири соли 1999 – эҳёи соҳаи маориф;

2. Соли 2000 то 2015 – марҳалаи нав;

3. Соли 2016 то 2023 – авҷи баланди рушди маориф ва ҷаҳоншавии он;

4. Хислатнокии ин марҳиларо тибқи маълумотҳои адабиётҳои мавҷуда ноором будани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва махсусан сиёсӣ метавон арзёбӣ кард. Бар асари муноқишаҳои маълуми сиёсии аз берун таҳрезишуда , ки баъдан бо заду хурдҳои мусаллаҳона байни ҷонибҳои даргир оварда расонид тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар аз ҷумла соҳаи маориф пурра фалаҷ гардида буд.

Аз тарсу ҳароси ҷони худу хешу табор ва моликият шаҳрвандони як қатор шаҳру ноҳияҳо дар дохил ва беруни кишвар фирории иҷбори гардидаанд. Оиди вазъи мураккаби оғози солҳои 90-уми асри XXI зиёд намеистем, чунки оиди ин ҳодисот адабиётҳои сершумор таълиф гардидааст.

Танҳо бо баргузории Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр баргузор гардид, оташи ҷагнги харобиовар хомӯш гардида вазъи кишвар аз ҷумла соҳаи маориф бо оҳистаги рӯ бо эътидол омад. Ба вуҷуди норасоии омӯзгорон ва иштироки ками хонандагон дар макотиби миёнаву олӣ ва дигар сохторҳои маориф фаъолияти оғоз гардид. Чун санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замони шӯравӣ бар талаботи замони ҷавобгӯ набуд зарурат ба қабули чунин санади ҳуқуқи ба миён омад. Аввалин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” буд, ки 27-уми декабри соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. (5.224). Ин ҳуҷҷат танзимкунандаи тамоми шохаҳои соҳаи маориф дар ҷумҳурии тозаистиқлол гардид.

Ба маҷрои муқарари ворид гардидани соҳаи маориф чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳури бо душвори сурат мегирифт. Норасоии омӯзгорон, набудани маблағ, таъмири макотиби вайрону сухташуда, кам будани шумораи хонандагон танҳо он қисми ками мушкилот буданд, ки соҳаи маориф ба он рӯ ба рӯ гардида буд.

Ба ҳайси мисол шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таълимоти олӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 69 ҳазор ташкил медод. Ҳол он ки дар соли 2007 он ба 141 ҳазор расид, яъне ду баробар афзуд [6, с. 61].

Вазъи мактаб – интернатҳо, боғчаҳои кӯдакон ва макот и35%-и бачагони синни мактаби фориғ аз мактаб буданд.

Ба вуҷуди норасоиҳо ва камбудиҳо бо беҳбуд гаштани авзои сиёсии кишвар соҳаи маориф низ рӯ ба беҳбуди ниҳод. Ин марҳала то охири соли 1999 идома ёфт.

2. Марҳилаи нав номгузори шудани ин марҳалаи рушди маориф аз суханони Пешвои миллат бармеояд. Роҳбари давлат соли 2000 –умро дар соҳаи маориф соли марҳилаи нав унвон намудааст. ( 5, 241). Сабаби чунин номгузориро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эътидол омадани вазъи ҷумҳури ва он дастовардҳои бесобиқае, ки дар соҳаи маориф ба даст омад мебинад. Ҳамин муътадилгардии авзои кишвар буд, ки соҳаи маориф ба нишондодҳои баланд ноил гардид. Оромии авзо пеш аз ҳама бамаблағгузории соҳа мусоидат намуд. Аз ҷумла агар маблағгузории давлатии соҳа ва дигар манбаҳои маблағгузорӣ соли 2000 41 млн сомониро ташкил диҳад, пас он соли 2016 танҳо аз ҳисоби маблағгузории давлатии он зиёда аз 3146, 2 млн сомонӣ расид. (5.242)

Ҳамасола Ҳукумати ҷумҳури зери ғамхориҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаро афзун мекард. Соли 2012 маблағгузории соҳа 1,6 миллиард сомонӣ расид, яъне дар ин сол маблағгузори нисбат ба соли 2000 35% афзуд, ки он ба рушди соҳа таъсири калон расонд. (8.7.) Соли 2012 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлати 10 миллиарду 200 миллионро ташкил медод, ки ин нисбат ба соли 2011 22% зиёд мебошад [8, с. 6].

Авзоиши ҳамасолаи маблағгузории соҳа ба баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаи маориф мусоидат намуд. Соли 2011 тибқи паёми Президенти кишвар ба Шӯрои олии мамлакат 2 баробар зиёд намудани музди кормандони соҳаи маориф ба нақша гирифта шуд. Солҳои 2010-2011 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умуми ва томактабӣ беш аз 2 баробар афзуд [8, с. 9].

Дар марҳалаи дуюми рушди маорифи кишвар махсусан дастрвардҳои соҳа дар соли 2007 қобили таваҷӯҳ аст. Дастовардҳои муҳими ин давра сол аз сол зиёд шудани шумораи ҷойҳое, ки мувофиқи квотаи байналхалқӣ барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҷудо шудааст мебошад. Тибқи ин квотаи байналхалқӣ дар соли 2007 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон 1608 нафар донишҷӯёни кишварамон дар макотиби олии кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Федератсияи Русия, Украина, Қазоқистон, ИМА, Чин, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Италия, Словакия, Миср, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. [6, с. 45].

Дигар аз дастовардҳои рушди соҳаи маориф соли 2007 анҷоми давраи аввали Барномаи компютеркунии мактабҳои маълумоти асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2003 – 2007 буд. Давраи дуюми ҳамин барнома солҳои 2008 – 2015 дар бар мегирифт.

Маблағгузории соҳа низ, ки омили ҳама гуна рушд маҳсуб меёбад, низ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфт. Агар соли 2006 маблағгузории соҳа 336 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он соли 2007 ба 506 миллион сомонӣ расид. (6.60)

Аз ҷониби сарвари давлат ба соҳаи маориф мунтазам ғамхориҳои зиёд зоҳир карда шудааст, ки онҳо дар қарору фармонҳои сершумор ифодаи худро ёфтааст. Яке аз чунин Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахси, вагон – хонаҳо ва биноҳои маъмуриву ҷоиҳои ҷмъияти қарор доранд” маҳсуб меёбад. Қарори мазкур 27-августи соли 2008 ба тасвиб расида тибқи он сохтмону азнавсозии 804 бинои мактаб ва муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 590 млн. Сомонӣ ба нақша гирифта шуд [5, с. 243].

Дар доираи амалисозии барномаи мазкур давра ба давра таъмиру аз навсозии зиёда аз 1000 мактаб ба нақша гирифта шуда буд. Тибқи ин барнома танҳо соли 2010 зиёда аз 200 мактаб барои 40ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Дар маҷӯъ дар даврони истиқлолият то соли 2011 дар соҳаи маориф дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълими пешравию дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Дар ин давра зиёда аз 311 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки қадами устувор дар рушди маориф дар ин марҳалаи маҳсуб меёбад [7, с. 31].

Ҳамчунин то соли 2011 дар масъалаи омӯзиши донишҷӯёни ҷумҳури дар донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ мувафақиятҳои калон ба даст омад. Шумораи донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда дар ин давра ба 3500 нафар расид [7, с. 30].

Марҳилаи дуюми маориф бо дастовардҳои калон ҷамъбаст гардид. Танҳо дар доираи “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузори шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра бароварда шуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сар шуда 600 милион сомониро ташкил медиҳад [9, с. 8]

Яке аз дигар ғамхориҳо ва чораандешиҳои давлату ҳукумат зери сарварии Роҳбари давлат дар самти маориф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати қабули “ Барномаи давлатии дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳсуб меёбад [5, с. 245].

Қабули барномаи мазкур дар давраи кутоҳ самараи нек ба бор овард ва такони ҷидддие дар баланд гардидани саводу дониши толибилмон гардид. Яке аз ин самараҳои барномаи дар боло зикр шуда афзудани теъдоди иштирокчиёни олимпиадаҳои дохилӣ ва берунӣ мебошанд.

3. Марҳилаи сеюми рушди маорифи Тоҷикистон, ки аз кушишҳои шабонарӯзӣ, собитқадамона, миллатдӯстона ва ватандустонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Метавон рушди баланди соҳаи маориф, ҷаҳонишавӣ ва ба арсаи байналмилалӣ гузаштани он арзёбӣ намуд. Чунин ном гирифтани ин марҳила аз суханронии Роҳбари миллат маншаъ мегирад, ки “… ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат” муаррифӣ намудааст [1, с. 28].

Дар марҳилаи сеюми ташаккули соҳа дигаргуниҳо ва пешравиҳои зиёде ба амал омаданд, ки маблағгузорӣ яке аз омилҳои ин рушд буд. Маблағгузори дар соҳаи маориф дар соли 2016 танҳо аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ 3146, 2 миллион сомониро ташкил мекард [5, с. 242].

Ин иқдоми саривақтии Пешвои миллат ва ҳадафҳои пайгиронаи ӯ ҷиҳати ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ дере нагузашта натиҷаи дилхоҳ овард. Натиҷаи ин иқдомҳо ба сатри байналмилалӣ расидани дараҷаи дониш ва саводнокии донишомӯзони тоҷик гардид. Таҳсили 41 ҳазор донишҷуёни ҷумҳурӣ дар 35 макотиби олии кишварҳои ҷаҳон худ далели муътамади гуфтаҳои болост, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистони аст [4, с. 3].

Дар қиёс ба даврони истиқлолият шумораи ками донишҷӯён берун аз ҷумҳурӣ он ҳам бошад, собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ фаро гирифта шуда буданд. Танҳо дар соли ҷорӣ, яъне 2023 зиёда аз 5000 донишҷӯёни Тоҷикистон ба риштаҳои гуногуни макотиби олии хориҷӣ дохил шуда, тадрис мегиранд, ки ин аз афзоиши бемайлони соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад [4, с. 3].

Ҳамчунин дар соли 2023 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ фаъолона ширкат намуданд. Аз 5 ҳазор иштирокчӣ дар олипиада хонандагони тоҷик 13 медали тилло, 21 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ дар маҷмуъ соҳиби 124 медал гаштанд, ки низ аз боло рафтани сатҳу сифати дониши хонандагони таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва ба дараҷаи байналмилалӣ расидани он аст [4, с. 3].

Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки ҳамасола таҳсилоти ҷавондухтарони тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ рӯ ба афзоиш аст. Алҳол дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ 8000 ҷавондухтарони тоҷик таҳсил карда истодаанд, ки низ тақвияти суханони дар боло гуфта шуда мебошад [1, с. 47].

Дар ин марҳала омили дигаре, ки рушди соҳаи маориф мусоидати бесобиқа расонд, ин рӯз аз рӯз афзудани обрӯи байналхалқии кишвар ва дар ин ҷода рушди муносибатҳои дипломатӣ ва муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои беруна маҳсуб меёбад. Дар соли 2021 Тоҷикистон бо як 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоритию иқтисодӣ имзо намуда буд. Ҳамаи ин рушди забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русиро тақозо мекард. Бо назардошти вазъи ба амал омадаи кишвар ҳанӯз заминҳои ин иқдом чанде пеш поягузорӣ шуда буд, ки он содири Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ буд. Ҳамчунин дар робита ба муҳиммияти масъала аз ҷониби сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ дақиқ ва табии бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгори кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбини намояд [1, с. 29].

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” Душанбе -2021. -47 с.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” Душанбе – 2022, -48 с.

3. Пешвои миллат – абармарди арсаи сиёсӣ. Душанбе – 2018. – 376 с.

4. “Садои мардум” № 108 (4691) 2 сентябри соли 2023.

5. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол / Р. Эмомалӣ. Душанбе – 2018. – 436 с.

6. Эмомалӣ Раҳмон Рушди маориф асосҳои таҳкими давлат / Р. Эмомалӣ. Душанбе –2009. –334 с.

7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олӣ “дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Душанбе –2011. – 63 с.

8. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе– 2012. – 63 с.

9. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: 2016, – 39с.