Ба ифтихори гиромидошти “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-назариявии устодони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” таҳти унвони “Мактаби сарварии Пешвои миллат” дар чопхонаи ҶДММ: Бохтар, аз нашр баромад. Маҷмуаи мазкур зери назари доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз омода гардида, бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ба табъ расид. Маҷмуа фарогири ҳафтод мақолаҳои илмии муҳаққиқону унвонҷӯён буда, аз корномаву ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳанд. Интишори маҷмуаи мазкур барои тарбияи ҳисси ватанпарастӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва садоқат ба Пешвои миллат мусоидат мекунад.