ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мактаби сарварии Пешвои миллат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар ҷамъомад ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Сайфиддин Давлатзода иброз намуд, ки «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллӣ ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мамлакати мо заминаи мусоид гузошт. Он ҳамчунин ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад”.

Иброз гардид, ки бо назардошти хизматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ҳамчун Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Дар конференсия инчунин тариқи онлайнӣ намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

https://khovar.tj/2023/11/maktabi-sarvarii-peshvoi-millat-dar-donishgo-i-davlatii-bohtar-dar-in-mavzu-amoishi-tantanav-doir-shud/