“МАРЗИ ЭЪТИМОД Ё се иштибоҳ ва як хулосаи мо дар марзи давлатӣ”
Ин ҳафта сафари Бадахшон доштему дар рафту баргашт беш аз ҳазор километр роҳро қад-қади марз паймудем. Чун хатти марз аз мулки сангистон ва умқи кӯҳистон мегузашт, пурсиши ҳамагон ин буд, ки чунин марзро чӣ гуна ҳимоя кардан мумкин бошад? Пас аз ҳар печу хами роҳ дӯстон таъкид мекарданд, ки ҳифзи ин марз номумкин аст…
Бо ҳамин гуфтору пиндор аз мавзеи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегузаштем, ки лавҳе бо навиштаи «ҶИ АФҒОНИСТОН» ба назар расид. Чун ин ному ин низом акнун ба таърих рафтааст, дӯстон мошинро доштанду аз он лавҳи ишоратӣ чанд акс бардоштанд. Аз ин бозёфти худ хурсанд шуда, сӯи Дарвоз роҳ гирифтем…
Аммо ҳанӯз ду километр напаймуда будем, ки рӯи роҳ се марзбони мусаллаҳ пайдо шуданду ишораи ист доданд. Калонтари онҳо бо фосилаи муайян ба мошин наздик шуда, пурсон шуд, ки чаро дар фалон нукта истодеду чаро аз фалон самтҳо акс гирифтед? Ва ҳайрати моро дида, илова намуд, ки ҳозир ба мо аз тариқи мухобира фармон ва иттилоъ расид, ки фалон мошин бо фалон шумора дар фалон нукта фалон дақиқа истода, фалон ҷойҳоро аксбардорӣ намуд ва мо бояд онро баррасӣ кунем…
Дӯстон ночор телефонҳояшонро нишон доданд ва он афсар аксҳоро дида боварӣ ҳосил кард, ки мо ягон «ҷойи стратегӣ» ва гузаргоҳи марзиро аксу навор нагирифтаем. Бо одоби баланди низомӣ роҳи сафед талаб карду рухсат дод…
Мо чандин муддат бо худ баҳс доштем, ки инон чӣ гуна морову аксгирии моро дидаанд? Чи гӯна рангу рақаму тамғаи мошинро дақиқ мухобира кардаанд? Охир дар он наздикиҳо ҳеҷ постгоҳу сарбозу дурбине набуд…
Пас аз се рӯз, роҳи мо аз Хоруғ то Ишкошим низ қад-қади сарҳад идома меёфт. Ногоҳ аз он сӯи дарё хонаи урфии хушсохте ба назар расиду яке аз ҳамроҳон мошинро дошта, аз он хонаи урфии бадахшонӣ чанд акс бардошт. Чун дар ин мавзӯъ таҳқиқ дошт, мехост онро ба рисолааш афзояд…
Аз ин бозёфт низ хуш шуда, роҳро идома додем…
Чун ба постгоҳи байни Ишкошиму Хоруғ расидем, ногоҳ ду сарбози мусаллаҳ мошинро нигоҳ доштанду қумандонашон наздик шуда, боз ҳамон саволро ба миён гузошт, ки чаро дар фалон ҷой фалон дақиқа истода марзро суратгирӣ кардед? Ӯ телефони дӯстамонро дида, боварӣ ҳосил кард, ки ӯ танҳо ҳамон хонаи урфиро сурат гирифтааст. Ин ва меҳмон будани моро дониста, роҳро кушоданд…
Ин бор низ байни худ баҳс мекардем, ки марзбонон истодан, суратгири ва тамоми мушаххасоти мошини моро чӣ тавр дида бошанд? Охир дар он атроф касе ё дурбине набуд! Ва низ шухӣ мекардем, ки шояд аз он тарафи дарё хабар додаанд?…
Аммо пас аз баҳсу хандаҳо ҳамагӣ ба як хулоса омадем, ки бар хилофи тасаввури аксари мо, марзи давлатӣ пурра зери назорат будааст. Ҳар гардиши он назорату наворгирӣ ва ҳар ҳаракат дар он мушоҳидаву қайд мешудааст.
Аз чунин дарк ҳисси ранҷиши дӯстони мо ба ҳисси оромиш ва эътимод табдил шуд. Ҳамаи мо дар мисоли мушаххас боварии комил ҳосил кардем, ки САРҲАД ДАР ДАСТОНИ БОЭЪТИМОД ҚАРОР ДОРАД.
Бо ин дарк ҳамаи моро ҳисси оромӣ, эътимод, эҳтиром ва ифтихор фаро гирифт. Ҳама боварӣ ҳосил карданд, ки дар ҳифозату амният қарор доранд. Ҳама беихтиёр ба марзбонони Ватан аҳсант мехонданд. Ҳама саршор аз эҳтиром ба марзбонон буданд…
Бо чунин ҳайрату ризоият қарор кардем, ки тамоми тӯшаи роҳи худро ба сарбозони гаштзан тақдим кунем. Об, нӯшоба, кулчаву қанду себ…
Аммо…
Дар дидбонгоҳи Ванҷ сарбозон тӯшаи моро рад карда, гуфтанд, ки гирифтани хӯрока аз роҳгузарон манъ аст… Дар роҳи Дарвозу Шамсиддини Шоҳин низ аскарони гаштзан ҷавоб доданд, ки ба мо гирифтани чизе аз роҳгузрон раво нест…
Мо ҳам иштибоҳи навбатии худро дарк кардем…
Ҳамин тавр, ин ҳақиқатро низ дарёфтем, ки дар канори назорату ҳушёрӣ, дар сохтори нерӯҳои марзбонии мо интизоми баланд низ ҷорӣ будааст…
Ин чанд ҳодиса сабақ ва таҷрибаи муҳимме буд, ки тасаввури моро дар бораи марзу марзбонони Ватан бисёр воқеъбинонатар сохт.
Ин аст, ки бо мушоҳидаву таҷрибаи ин манзара мехостам сипосу эҳтирому қадрдонии худ ва ҳамроҳони худро ба роҳбарону сарбозони нерӯҳои сарҳадии кишвар расонам. Барои чунин коргузории касбӣ, барои чунин кори дақиқу заргарона, барои чунин бедориву ҳушёрӣ.
Барои оромиши Ватан, барои осудагии ҳар хонаву ҳар шаҳрванд.
Барои чунин салоҳияту касбият.
Шумо шоистаи табрик ҳастед!
Шумо шоистаи эҳтиром ҳастед