Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардида, ба тасвиб расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ки ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Дар воқеъ, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъи муҳимро иҷро менамояд.

Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахӯстин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.

Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст;

– Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст;

– Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият;

– Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;

-Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, рӯзи 24-уми майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе барафрохта шуд.

Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон мегардад.

Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад.