Имрӯз дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ-таҷассумгари ифтихори миллӣ” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикотии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз шуд.

Гуфта шуд, ки ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

“Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон ба мерос монда, насли даврони Истиқлолиятро мебояд, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ қадр намоянд ва ба он арҷ гузоранд”- афзуд Давлатзода С. Х.

Баъдан тибқи барнома Давлаталӣ Алимов, профессори донишгоҳ баромад намуда иброз дошт, ки Парчами давлатӣ муаррифгари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчам низ баланд афрохта мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни Парчами садҳо давлати дунё Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупо ҷилванамоӣ менамояд. Барафрохтани Парчами миллӣ дар дохил ва ё дар пештоқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, парафшонии он рамзи иқболу саодат ва комёбиҳои миллату давлати мост.

Дар охир барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва дастаи сурӯду таронаҳо аз ҷониби давтаи ҳаваскорони “Леваканд” -и назди донишгоҳ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ