Парчами миллӣ – ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории мо ҷойгоҳи хоса ва собиқаи дерина дорад. Бинобар ин, мардуми мо ба Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатиамон – Нишон давлатӣ ва Суруди миллӣ эҳтироми махсус зоҳир менамояд. Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолу якдилӣ, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии мо тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои миллиамон – сӯлҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи комилии арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз20-уми ноябри соли2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои бузург дар кишвари мо бо тантана таҷлил мегардад ва дар таърихи тоҷикон нақши муассир дорад, чунки Парчами давлатӣ барои халқи мо аз зумраи муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамин Парчами серангаи тоҷдори нурафшон мешиносад ва маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем, чунки мо тоҷикон дар таърихи инсоният яке аз миллатҳои қадим соҳиби Парчами миллии хеш мебошем. Дар таърихи гузаштаи мо тамоми қабилаҳо Парчами худро доштанд ва онробо рангҳои гуногун ҷилло медоданд ва Парчами миллӣ дар ҳама давру замон баёнгари соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ ва соҳибдавлатии ҳар як миллат буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад мемонад. Миллати тоҷик бо фарҳанги баланду эҳсоси амиқи ватандӯстии хеш расму оини ниёгони худро ҳамеша пойбарҷо нигоҳ медорад ва ба арзишҳои олии он эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Парчами ҳар кишвар рамзи ҳуввияти миллии мардуми он кишварро ба намоиш мегузорад ва рангҳову рамзҳои дар он истифодашуда реша дар таъриху тамаддуни он миллат мебошад.

Дар таърихи миллати мо Дирафши ковиёнӣ парчами даврони пеш аз исломии мо мебошад, ки дар заминаи таърихиву устуравӣ ва фарҳанги сиёсии мо, аллалхусус ҳамосаи миллии мо – “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз аҳаммияти ҳаётӣ бархӯрдор аст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталифи ҷаҳон, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз аҳаммият ва ҷойгоҳи бузурги парчам дар ойини давлатдории халқу миллатҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад, чӣ тавре ки ба мову шумо маълум аст, тибқи гувоҳии таърихҳо, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам буданд, ки дар адабиёти қадимаи мо, тавре ки дар боло қайд кардем, он бо номи Дирафш ёд мешавад.

Дар давраи Сосониён дар қисми болоии он паррандаи заррин – мурғи ҳумо таҷассум мешуд ва дар бахши мураббаъи он сангҳои гаронбаҳо насб мегардид. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо низ дирафши хоси худро доштаанд, ки бо рамзҳои ба худи паҳлавонон хос ҷилва дода мешудааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчамҳо дар Чини қадим, Мисри қадим ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Дар китоби муқаддаси ниёгони мо “Авасто” дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Дар таърихи муосир парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Моҳи феврали соли 1947 Президенти Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тавсия дод, ки парчамҳои давлатии худро шабеҳ ба парчами Иттиҳод қабул кунанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан идомаи суннати парчамдории миллати кӯҳанбунёди тоҷик, идомаи ҳамон Дирафши ковиёнӣ мебошад, ки дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат аст. Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг иборат мебошад – сурх, сафед ва сабз. Дар рӯи қитъаи сафеди он, дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки ҳар яке рамзи хоссаеро ифода мекунад:

  • Ранги сурх – рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият,
  • Ранги сафед – рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ,
  • Ранги сабз – рамзи саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанро ифода менамояд.
  • 7 Ситора – яъне рамзи 7 иқлим, 7 табақаи осмон, 7 ситораи бародарон ва 7 рӯз аст.

Рӯзи парчам рӯзи ҳар фарди ватан,

Тавъами ҳар шодию дарди ватан.

Рагҳояш сабзу сурхасту сафед,

Фахри қалби ҳар ҷавонмарди ватан.

Тавре таърихи башарият далолат мекунад, рамзҳо шаклҳои мухталифе аз ифодаи орзуву омол, иродаву ғоя, розу ниёз, ҷаҳони ботинӣ ва махсусиятҳои қавму қабилаҳо, нажодҳо ва миллату давлатҳо мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар инсоният дар ҳамаи давраҳои ташаккули таърихии худ барои ифодаи орзуву омол ва марому ҳадафҳои олии хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ имрӯз парчами Тоҷикистон чун рамзи давлатдории тоҷикон дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, яъне ҷамоатҳо, дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, парафшонӣ мекунад.

Дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пояҳои баланди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке пас аз дигаре барафрохта шуда, рӯзи парчам дар саросари Ватани азизамон бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта, Парчами давлатӣ, ки файзи Истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавфишон гардонем ва Тоҷикистонро ба як давлати тараққикардаи ҷаҳон муаррифӣ намоем.

Хатмкардаи шуъбаи омодакунии кардҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ докторант Phd-и кафедраи педагогика ВАЙСИДДИН РАҶАБОВ