Пар афшон, пар,

Ҳумоӣ,

Рамзи иқболу барӯмандӣ.

Ҳумоюнфолӣ,

Бошад сояи боли ту ҷавлонгоҳи хурсандӣ.

Бизан сад мавҷ дар як лаҳза,

Дарёӣ.

Саропо шӯру исёнӣ.

Ту рамзи тоҷикӣ,

Ҳам рамзи хоки Тоҷикистонӣ.

Ту рамзи миллате ҳастӣ,

ки андар саҳнаи таърих

Ҳазорон пасту боло дид.

Ҳазорон печу тобу гиру дору шӯру ғавғо дид.

Замоне тоҷ бар сар буду эҳсон буд кори ӯ,

Ҷавонмардӣ шиори ӯ.

Вале афсӯси хушбинӣ,

Ки ӯ дар зишт зебо дид.

Ва аз ин зишт

Ҷойи ҳар дуои неки худ дашномҳо бишнид.

Ба хун олуд домони Ватан,

Домони поки ту бишуд рангин.

Ва садҳо сол мурғи бахти тоҷик

Буд андар қалъаи руин.

Чу Бежан дар дили чаҳ Рустамеро орзу мекард,

Гиёҳи ташнае андар биёбон буду боронро

Ва ё

якчанд қатра шабнамеро орзу мекард.

Дили ҳамчун кавири хушки ин мардум

намеро орзу мекард.

Ва инак баъди садҳо сол

Бежан дид Рустамро,

Гиёҳи ташналаб дарёфт боронрову шабнамро.

Биёбон боғу бӯстон шуд,

Ҳуруфи зарҳалӣ дар саҳфаи таърих номи

Тоҷикистон шуд.

Парафшон шав,

Парафшон

Мурғи бахти миллати тоҷик,

Ки аз иқболи ту поянда бошад

Тоҷу тахти миллати тоҷик.

Сафармад Ахмадов, мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав