Сухани табрикии ректори Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ

Устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид.

Бояд хотиррасон кард, ки қабул гардидани парчам, амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ва дастоварду комёбиҳои даврони истиқлол ба номи шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавиб ногусастанӣ дорад.

Воқеан, парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҳар як гӯшаю мавзеъ-биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногун дидан мумкин аст.

Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз бинои СММ сар карда, дар тамоми сафоратхонаҳою намояндагиҳои кишварамон дар хориҷи кишвар партавфишон аст.

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои аоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар саросари кишвар ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллӣ иқдоми наҷибу нек идомаи созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд, зеро Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат ва муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта, нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошад.

Меҳру муҳаббати мо ба Парчами давлатӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, бояд беш аз пеш афзун гардад, зеро Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан нишони муқаддас мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар кормандони донишгоҳро ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо бахту саодат ва тамоми шодкомиҳоро орзу менамоям. Бигзор Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу диддаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озодӣ кишварамон парафшонӣ намояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!