Дар ихтисоси хадамоти гумруки факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Р. Аминов, аз фанни “Ташкили назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт” дар мавзуи “Назорати гумрукӣ ва шаклҳои он” баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки назорати гумрукӣ маҷмӯи тадбирҳое мебошад, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, амалӣ менамоянд.

Мақомоти гумрук ҳуҷҷату маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт пешниҳодшударо бо мақсади муқаррар кардани аслӣ будани ҳуҷҷатҳо ва саҳеҳии маълумоти онҳо, инчунин дуруст ба расмият дароварда шудани онҳоро тафтиш менамоянд.

Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд пурсиши шифоҳии шахсони воқеӣ, инчунин шахсонеро, ки намояндагони ташкилотҳои ваколатдори чунин молу воситаҳои нақлиёт мебошанд, бо тартиб додани тавзеҳи ин шахсон дар шакли хаттӣ доир намоянд.


Гирифтани тавзеҳот, яъне аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук дар бораи вазъе, ки барои назорати низоми гумрукӣ зарур аст, аз шахсони ватани, декларантҳо ва дигар шахсоне, ки бо интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ машғуланд ва чунин маълумотро доранд.


Тавзеҳот ба таври хаттӣ тартиб дода мешавад. Намунаи тавзеҳот аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.


Мушоҳидаи гумрукӣ яъне ошкоро, мақсаднок, мунтазам ё як маротиба, мустақим ё ғайримустақим (бо истифодаи воситаҳои техникӣ) аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақоми гумрук бо чашм мушоҳида кардани интиқоли молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта, амалиёти боркашонӣ ва дигар амалиёт мебошад.


Санҷиши гумруқи аз анҷом додани санҷиши далели ҷойгиркунонии молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ё таҳти расмиёти гумрукӣ, риоя талаботу шартҳои истифодаи молҳо дар низоми гумруки марбута, инчунин ҳаққонияти маълумоти дар декларатсияи пешниҳодшаванда нишошдодашуда таввассути муқоисаи ин маълумот бо маълумотҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ, бо ҳисобҳо, бо иитилооти дигар шахсони дар ҳамин мода зикргардида иборат аст.

Ҳангоми гузоронидани санҷиши гумрукӣ амалиёти дигари назорати гумрукӣ метавонанд истифода гарданд. Тибқи зарурият санҷиши гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақомоти гумрук бо ҷалби мақомоти дигар давлатӣ гузаронида шавад.