Имрӯз 30-юми ноябри соли 2023 дарси кушоди намунавии номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором Юнус машғулияти КМРО дар гурӯҳи 406-и ихтисоси журналистика ва тарҷумонӣ аз фанни “Тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ” дар мавзуи “Тарҷумаи маводи тоҷикӣ ба забонҳои русию англисӣ тавассути барномаҳо” баргузор гардид.

Дар дарси мазкур устодони кафедраҳои донишгоҳ иштирок карданд.

Машғулият бо усулҳои фаъоли таълим ва бо истифодаи воситаҳои техникӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён фаъолона супориши устодро иҷро намуданд.