Имрӯз 30-юми ноябри соли 2023 конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар гурӯҳи 405-и ихтисоси рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо)-и факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.

Дар конфронс декани факултети филологияи тоҷик номзади илмҳои филологӣ, Ҳакимов Саъдулло, роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишгоҳ Наҷмиддинов Давлатмурод, роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Абдураҳимов Файзулло, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарипов Сангимурод, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором ва муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба таълим Собиров Лоиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни баргузории конфронс масъулон ба донишҷӯён оид ба макону муҳлат ва тартиби гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳо ва амсоли ин маълумот доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯёни ихтисоси мазкур ба Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда мешаванд.

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ марҳилае мебошад, ки донишҷӯён имкон доранд, ки донишҳои назариявии андухтаашонро дар амал татбиқ намоянд.